ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ
Субҳи имрӯз дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки доираи васеи сокинон чорабинии Дави миллӣ ва велосипедронӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми раиси ноҳияи Рӯдакӣ Шарифзода А. муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Муминзода И. судяҳо, кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар роҳбарони корхонаю ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ” бо иштироки васеи сокинони мамлакат, кормандони касбу кори гуногун, вазорату кумитаҳо, корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон гузаронида мешавад.
Ҳадафи баргузории чунин чорабиниҳо таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ нафарони пирӯз ва дигар иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Суди ноҳияи Рӯдакӣ 