ВОХӮРИИ НАВБАТИИ СУДЯҲО БО СОКИНОНИ НОҲИЯ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СУЛТОНОБОД
Имрӯз, 15-уми майи соли 2026 дар доираи Нақшаи кории суди ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар бинои Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии навбатии судяҳои Суди ноҳияи Рӯдакӣ бо сокинони ҷамоат баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ Муминзода Исмоил, судяҳо Иброҳимзода Баҳодур, Содиқзода Сайёд, Садирзод Бахтиёр, раиси Ҷамоати деҳоти Султонобод Тоиров Хайрулло, фаъолони ҷамоат, намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, имомхатибон ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҷомеа ва татбиқи қонунгузории миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, судяҳо доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» андешаронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки тарбияи дурусти фарзандон, назорати мунтазами онҳо аз ҷониби падару модар ва пешгирии ҷалби ноболиғон ба амалҳои номатлуб аз вазифаҳои муҳими ҳар як оила ба шумор меравад.
Ҳамчунин, иштирокдорон вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар намуда, қайд карданд, ки амалишавии ин қонун барои пешгирии исрофкорӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии мардум ва риояи фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд. Зикр гардид, ки риояи талаботи қонун аз ҷониби шаҳрвандон ба беҳтар гардидани шароити иқтисодии оилаҳо ва таҳкими маърифати ҷомеа замина мегузорад.
Дар идомаи вохӯрӣ судяҳо оид ба тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, сокинонро ба риояи қонун ва эҳтироми арзишҳои ҳуқуқӣ даъват намуданд.
Мавзуи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм низ яке аз масъалаҳои меҳварии мулоқот буд. Қайд гардид, ки терроризму экстремизм имрӯз ба яке аз хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир табдил ёфта, мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, аҳли ҷамоат барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии гаравиши онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳидоят карда шуданд.
Сокинони ҷамоат зимни суолу ҷавоб ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии худ посухҳои мушаххас гирифта, аз баргузории чунин вохӯриҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Суди ноҳияи Рӯдакӣ 