САРФАКОРӢ ВА ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИНДАГИСТ
(Мусоҳиба бо Исмоил Муминзода, муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»)
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пеш аз ҳама, ба ҳифзи арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб ва, аз ҳама муҳим, коҳиш додани исрофкорӣ равона гардида, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, мардум бояд ҷашну маросимҳоро бе зиёдаравӣ ва дар доираи имконоти молиявии худ баргузор намоянд.
Барои боз ҳам равшанӣ андохтан ва шарҳи бандҳои қонуни мазкур, инчунин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бо муовини суди ноҳияи Рӯдакӣ суҳбате оростем, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.
— Дар масъалаи тӯйҳои домодию арӯсӣ кадом бандҳо муқаррар шудаанд ва талаботи қонун чиро талаб мекунад?
— Қонун талаб мекунад, ки тӯй бо на зиёда аз ду маърака ва дар давоми ду рӯз гузаронда шавад. Шумораи меҳмонон низ маҳдуд аст: зиёфат барои то 150 нафар ва оши тӯй то 200 нафар. Инчунин, як қатор расму оинҳои зиёдатӣ, мисли “сарупобинон”, “қудоталбон” ва дигар маросимҳои хароҷотталаб манъ шудаанд. Ин тадбирҳо барои кам кардани хароҷоти беҳуда пешбинӣ шудаанд.
— Оё мумкин аст маблағи тӯй ба корҳои дигар равона шавад?
— Бале, қонун чунин имконро медиҳад. Падару модарон метавонанд ба ҷойи оростани зиёфат маблағро барои беҳтар кардани шароити зиндагии навхонадорон ё барои корҳои хайриявӣ, мисли сохтмони роҳ ё таъмини об сарф намоянд. Ин як иқдоми хеле муҳим аст.
— Дар қонуни мазкур оид ба ҷашни зодрӯз ва дигар маъракаҳои оилавӣ чӣ гуфта шудааст?
— Ҷашни зодрӯз танҳо дар доираи оила тавсия дода мешавад. Ҳамчунин, маросимҳои вобаста ба таваллуди кӯдак низ бояд бе даъвати ҳунармандон ва бе забҳи чорво баргузор шаванд. Қонун, махсусан, ба содагардонии чунин маъракаҳо диққат медиҳад.
— Дар ҷомеа, баъзан, ҳолатҳои пошидани пул ё намоиши зиёдаравӣ дида мешавад. Қонун дар ин маврид чӣ мегӯяд?
— Ин амалҳо қатъиян манъ шудаанд. Пошидан ё часпондани пул дар ҷашну маъракаҳо ҳамчун нишонаи исрофкорӣ арзёбӣ мешавад ва барои он ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
— Нақши комиссияҳои маҳаллӣ дар татбиқи қонун чӣ гуна аст?
— Комиссияҳо вазифадоранд, ки риояи қонунро назорат кунанд, мардумро огоҳ созанд ва ба онҳо машварат диҳанд. Онҳо, ҳамчунин, маъракаҳоро ба қайд мегиранд ва барои пешгирии қонуншиканиҳо тадбир меандешанд.
— Агар шаҳрвандон комиссияро дар бораи баргузории тӯй ё маросим огоҳ накунанд, чӣ чора дида мешавад?
— Огоҳ накардан вайрон кардани талаботи қонун аст. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд пешакӣ комиссияро хабар диҳанд. Дар акси ҳол, онҳо метавонанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
— Қонун то чӣ андоза ба мубориза бо фарҳанги бегона мусоидат мекунад?
— Қонун таъкид мекунад, ки шаҳрвандон бояд либоси миллӣ ва арзишҳои фарҳангиро эҳтиром намоянд. Тарғиб ва истифодаи унсурҳои ба фарҳанги миллӣ бегона манъ аст. Ин ба ҳифзи ҳувияти миллӣ мусоидат мекунад.
— Барои шаҳрвандони хориҷӣ оё риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ҳатмӣ аст?
— Бале, риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам барои шаҳрвандони мамлакат ва ҳам барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ҳатмӣ мебошад ва ҳар ҷашну маросимҳое, ки барпо менамоянд, бояд дар доираи талаботи қонуни мазкур сурат гиранд.
— Талаботи моддаҳои 10 ва 11-и қонун чӣ гуна аст?
— Ҷашни зодрӯз ва маросими хатнасур минбаъд танҳо дар доираи оила, бе ҷалби ҳунармандон (сарояндаҳо) баргузор карда мешаванд. Аз муҳимтарин навгониҳо манъи пурраи баргузории маъракаи «ақиқа» мебошад. Ҳамзамон, хатна дар муассисаҳои тиббӣ дар муҳлати як моҳи пас аз таваллуд ба таври ройгон анҷом дода мешавад.
— Дар бораи таҷлили идҳои Рамазон ва Қурбон чӣ гуфтан мумкин аст? Оё «идгардак» иҷозат дода мешавад?
— Мутобиқи моддаи 9-и қонун, дар рӯзҳои ид оростани дастурхони камхарҷ тавсия дода мешавад. Ҳамзамон, исрофкорӣ ва тақдими шириниҳо ё туҳфаҳо, ки миёни мардум бо номи «идгардак» маъруф аст, манъ карда шудааст.
— Дар масъалаи либоси миллӣ ва зоҳирпарастии шаҳрвандон қонун чӣ талаботро пешбинӣ мекунад?
— Ин масъала дар моддаи 18-и қонун танзим шудааст. Шаҳрвандон уҳдадоранд ба забони давлатӣ ва либоси миллӣ эҳтиром гузоранд. Воридот, фурӯш ва истифодаи либосҳое, ки ба фарҳанги миллии мо бегонаанд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шудааст. Ҳифзи арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳимми ҳар як шаҳрванд мебошад.
— Барои вайрон намудани ин талабот чӣ гуна ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст?
— Ҷавобгарӣ барои ҳама шаҳрвандон баробар аст. Бо вуҷуди ин, нисбат ба хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ талабот боз ҳам пурзӯртар мебошад. Дар ҳолати аз ҷониби онҳо ё фарзандонашон вайрон кардани қонун, мутобиқи моддаи 20, масъалаи аз вазифа озод намудани онҳо баррасӣ мегардад.
— Дар охир, ба шаҳрвандон чӣ тавсия медиҳед?
— Тавсияи асосӣ – риояи қонун ва баргузории ҷашну маросим бо фарҳанги баланд, бе исрофкорӣ ва бо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ. Ҳадаф танҳо ҷашн гирифтан нест, балки тарбияи ҷомеаи солим ва сарфакор мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки роҳнамои фарҳангӣ барои ҳар як шаҳрванд аст. Риояи он ба манфиати ҳар як оила ва ҷомеа мебошад.
— Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.
— Саломат бошед.
Мусоҳиб: Умеда АЛИМОВА, сармуҳаррири рӯзномаи «Насими айём»
Суди ноҳияи Рӯдакӣ 