ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ОИЛА ДАР ҶОМЕА
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки бунёди оилаи солим ва тарбияи фарзандони соҳибмаърифат омили муҳимми пешрафти давлат ва ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки оиларо ҳамчун макони муқаддас эҳтиром намуда, дар таҳкими муносибатҳои оилавӣ, риояи ҳуқуқу уҳдадориҳо ва тарбияи дурусти фарзандон саҳми арзандаи худро гузорад.
Оила ҳамчун ниҳоди муҳимми иҷтимоӣ ва пояи асосии давлат дар тамоми давру замон мақоми махсус дорад. Дар ҷомеаи муосир масъалаҳои таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона аҳаммияти хосса касб намудааст. Зеро пойдории ҷомеаи солим аз устувории оилаҳои солим вобастагии мустақим дорад.
Аз нигоҳи таърихиву иҷтимоӣ оила нахустин муҳити тарбия ва ташаккули шахсият ба шумор меравад. Мутафаккири Юнони Қадим Арасту таъкид намудааст: «Оила пояи асосии давлат аст». Воқеан, дар ҷомеае, ки оилаҳо устувору солим мебошанд, фазои оромиву субот ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мегардад.
Оилаи солим, пеш аз ҳама, бар пояи эҳтироми мутақобила, меҳру муҳаббат, садоқат ва масъулияти зану шавҳар бунёд мешавад. Дар ин раванд нақши падару модар дар тарбияи фарзандон, омӯзонидани одоби оиладорӣ, эҳтироми калонсолон ва омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақил хеле муҳим мебошад. Хусусан, баланд бардоштани сатҳи маърифату дониш ва соҳибкасб гардидани ҷавонон метавонад ба таҳкими муносибатҳои оилавӣ мусоидат намояд.
Дар ҷомеаи имрӯза ҳар як узви оила дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муайян мебошад. Мард ҳамчун сарвари оила барои таъмини рӯзгор ва ҳифзи манфиатҳои хонавода масъул буда, зан ҳамчун модар ва кадбонуи хона дар таълиму тарбияи фарзандон ва нигоҳдории муҳити солими оилавӣ нақши муассир дорад. Ҳамзамон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии ҳуқуқии зану мардро кафолат дода, эҳтироми ҳамдигар ва масъулияти муштаракро дар оила талаб менамояд.
Бо мақсади танзими муносибатҳои оилавӣ ва ҳифзи ҳуқуқи аъзои оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва таҳкими оила мусоидат менамоянд.
Ҳамасола 15 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила таҷлил мегардад, ки ҳадафи он баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои оила ва тарбияи насли наврас мебошад. Ин иқдом аҳаммияти оиларо ҳамчун ниҳоди муҳимми иҷтимоӣ боз ҳам бештар нишон медиҳад.
Муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои қонунгузории миллӣ танзим гардида, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Асоси ҳуқуқии танзими муносибатҳои оилавӣ, пеш аз ҳама, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Тибқи талаботи Конститутсия, оила ҳамчун асоси ҷомеа таҳти ҳимоя ва ғамхории давлат қарор дорад.
Ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар, падару модар ва фарзандон дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд. Мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, зану мард дар муносибатҳои оилавӣ ҳуқуқи баробар дошта, ҳар ду дар таълиму тарбия, нигоҳубин ва таъминоти фарзандон масъулияти муштарак доранд.
Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак мебошад. Дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» масъулияти падару модарро ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд, назорати рафтор, фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсил ва пешгирии амалҳои номатлуб муайян намудааст.
Ҳамчунин, бо мақсади ҳифзи аъзои оила аз ҳар гуна муносибати зӯроварона Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардидааст. Қонуни мазкур ба пешгирии хушунат, ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст.
Дар баробари ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои пешгирии исрофкорӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги оиладорӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон нақши муҳим дорад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҳуқуқҳои кӯдаконро ба таҳсил, зиндагии шоиста, ҳифзи саломатӣ ва муҳити солими оилавӣ кафолат медиҳад. Дар сурати иҷро нагардидани уҳдадориҳои падару модар ё вайрон намудани ҳуқуқҳои аъзои оила, шахс мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Аз ин рӯ, риояи меъёрҳои ҳуқуқии оилавӣ, эҳтироми ҳуқуқҳои ҳамдигар ва иҷрои уҳдадориҳои қонунӣ омили муҳимми пойдории оила ва суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Шаҳло ТУРСУНЗОДА, судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ
Суди ноҳияи Рӯдакӣ 