ВАҲДАТ РАМЗИ ЯКДИЛИСТ!

 

Бо фаро расидани 27 июн, яъне рӯзи Ваҳдати миллӣ мардуми шарифи тоҷик бистучорумин солгарди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро, ки бо заҳмат ва талошҳои пайваставу ҷонталабонаи фарзандони фарзонаи ин миллат, бахуссус Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имзо гардидааст, таҷлил менамоянд. Ин рӯз дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик бо хатҳои заррин сабт гардидаву садсолаҳо нақш ва аслияти худро чун созишномаи дӯстӣ, бародарӣ ва якдиливу якдигарфаҳмӣ нигоҳ хоҳад дошт.

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон бо сабабҳо ва омилҳои гуногун унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор гардида, боиси пароканда ва ҳатто аз байн рафтани қавму миллат ва давлатҳо гардида аст.

Миллати тоҷик дар тули таърих чунин зиннаро аз сар гузаронидаву бо ақлу хирад ва корномаҳои абармардони худ тавониста аст то ин ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, забон, фарҳанг ва дар умум миллати тоҷикро побарҷо нигоҳ дорад.

Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва ба вуҷуд омадани давлатҳои алоҳида онҳо истиқлолияти худро соҳиб гардиданд, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти миллии худро эълон намуд. Вале аз паст будани маърифати ҳуқуқиву ахлоқӣ ва нокифоя будани донишҳои динӣ халқи тоҷик бо таъсири баъзе аз бегонапарастони дохилӣ ва бадхоҳони хориҷӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Рӯз то рӯз вазъият дар кишвар мутташаниҷ гардидаву хатари аз байн рафтани миллати тоҷик ҷой дошт. Дар ин марҳилаи ниҳоят ҳассос шахсияте лозиб буд то миллатро аз вартаи нобудшавӣ эмин нигоҳ дорад ва Худованд ба миллати тоҷик чунин шахсиятро дод, яъне дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ Раиси Шӯрои Олии ҶТ Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуд ва аз рӯзҳои аввали ба фаъолияти худ шурӯъ намудан ба масъалаи таъмини сулҳ дар мамлакат диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, иброз намуд: «Ман фаъолияти худро аз сулҳ оѓоз менамоям ва ба миллати азияткашидаи тоҷик сулҳ мебиёрам». Ин суханон дар дили мардуми тоҷик шӯълаи умедро барафрохт.

Ба ҳамин тариқ, марҳила ба марҳила дар натиҷаи гуфтушунид ва тадбирҳои пайваста тарафҳо ба созиш меомаданд ва Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд. 9 марти соли 1996 Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ба имзо расонида шуд ва дар як муддати кутоҳ зиёда аз 50 ташкилоти ҷамъиятиву сиёсӣ ба он ҳамроҳ гардида, якдилона ҷонибдори ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буданд. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расониданд. Ҳамин тавр, марҳилаи тӯлонӣ, душвортарин ва хело муҳимми моҷароҳои сиёсии байни тоҷикон ба анҷом расид.

Имзо гардидани Созишнома аз он гувоҳӣ медиҳад, ки халқи тоҷик метавонад дар ҳассостарин ва мушкилтарин фурсат баҳри якдилӣ, якпорчагӣ ва ободии меҳани худ аз баҳри ҳама чиз бигзарад ва ба Ватан содиқ бошаду онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад. Метавон гуфт, ки ин созишнома рамзи якдилист ва аз ин якдилӣ Ваҳдат маншаъ мегирад.

Чун имрӯз ҷомеаи инсонӣ бо бархурдҳои азим рӯ ба рӯст моро зарур аст то ақлу заковат ва хиради азалии худро аз даст надода, баҳри пешрафт, ободӣ ва таъмини якпорчагии Ватани азизи худ камари ҳикмат бубандем ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот намоем, ки тоҷикон дар саромади кишварҳое қарор доранд, ки бо хиради волои худ ба инсоният адолату озодиро инъом намуданд ва онро имрӯз низ нигоҳ медоранд. Ваҳдат, якдилӣ, якмаромӣ ва якпорчагии Тоҷикистон ҷовидон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ хуҷаста бод!

 

Котиби маҷлиси судӣ Муминзода Ҳамза Разоқ