ЗАБОН ПАДИДАИ ФАРҲАНГӢ МИЛЛӢ

Ҳамасола 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад, ки ҳадаф аз он эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ мебошад.

Забони давлатӣ рукни муҳимми давлатдорӣ ва муқаддасоти миллии ҳар давлату миллат маҳсуб мешавад.

Забони тоҷикӣ – ёдгории маънавии миллиамон, ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқ инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории тоҷикон мебошад. Барои ниёгони мо ифтихор аз ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буд, чунки дар ҳама давру замон забон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ба ин маънӣ, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад, зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тули асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.

Мувофиқи қисми якуми моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ эътироф гардид. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад ва онро эҳтирому арҷгузорӣ намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳо ва суханрониҳояшон ба масъалаи забони давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз ҷониби ин фарзанди фарзонаи миллат ва маорифпарвар асари мондагору арзишманди «Забони миллат – ҳастии миллат» (иборат аз ду ҷилд) таълиф гардид, ки дар он оид ба марҳалаҳои таърихи густариш ва саҳифаҳои номакшуфи вазъи забони тоҷикӣ тадқиқоти мукаммали илмӣ анҷом дода шудааст.

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, ки «дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».

Дар ин раванд омӯзиш ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, хусусан забонҳои русӣ ва англисӣ зарур буда, ба боло рафтани донишу фаҳмиш ва ҷаҳонбинии шахс мусоидат менамоянд. Аммо чунин ҳолати кор набояд ба забони давлатӣ таъсири манфӣ расонад. Ҳар шахс бояд, қабл аз ҳама, забони давлатии худро бо тамоми  ҷузъиёташ донад ва ҳифз намояд. Ҳақ ба ҷониби шоир Тошхӯҷа Асирӣ аст, ки:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон-ш осон гардад.

Хушбахтона, имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳо иртибот қарор дорад, ки ин аз қудрату тавоноии он дарак медиҳад.

Дар шароити пуртаззоду зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ масъул аст, ки дар гиромидошти забони модарии хеш ва таҳкиму густариши забони давлатӣ саҳмгузор бошад. Татбиқи ҳамаҷонибаи қонуни забони давлатӣ дар ҳаёт ва фаъолияти ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вазифаи меҳварӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, волотарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо, ин рукни меҳварии давлатсозу миллатофар мебошад.

Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ

ҲОТАМ НАЗАР