КАФИЛИ СУЛҲ

Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр муташанниҷ ба кишвараш ва халқаш сарвар гардид. Вале тавонист, халқу давлаташро аз варта наҷот диҳад. Вай дар муддати начандон тӯлонӣ дар мамлакат сулҳ барқарор кард ва ба арсаи байналхалқӣ баромад. Чунин сиёсатмадорон хеле каманд”.

                                                                         Ҷорҷ Буш, собиқ

Президенти ИМА

 

Таърих гувоҳ аст, ки давлатҳои зиёде ҷангҳои шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, аммо кам кишвареро пайдо кардан мумкин аст, ки дар чунин муддати кӯтоҳ ба низоъҳои мусаллаҳона хотима гузошта бошад. Одатан, чунин ҷангҳо бо шикасти пурраи як тараф тамом мешаванд ё даҳсолаҳо тӯл мекашанд. Аммо Роҳбари давлати тоҷикон ба хотири барқарор кардани сулҳ розӣ шуд, ки намояндагони мухолифинро шомили ҳукумат сохта, ҷанги шаҳрвандиро дар мамлакат қатъ созад.

Баъд аз муқовиматҳои мусаллаҳона ва ҷанги бародаркуш, фалаҷ гардидани сохти конститутсионӣ, мақомоти давлатӣ ва умуман ҷомеаи шаҳрвандӣ, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи наверо кушод. Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид.

Аз лаҳзаи ба уҳда гирифтани роҳбарии давлати ҷангзада, тамоми азму иродаи худро ба ҳастии халқу миллат — таъмини сулҳу субот, муттаҳид сохтани мардуми Тоҷикистон бахшиданд ва фаъолияти шахсии он кас ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати азалии халқи тоҷик мувофиқ омад.

Сулҳи тоҷикон на танҳо барои халқи тоҷик муҳим буд. Чунин фикр кардан дуруст нест, чунки қатъи ҷанг дар ҷумҳурии мо барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамият дошт.

Дар ин роҳ, Сарвари кишвари мо ҷони худро ба гарав гузошта, ҳаёти миллатро аз ин ҳодисаи мудҳиши миллаткуш раҳо кард. Зеро бидуни сулҳу таҳкими амният бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар ғайриимкон буд ва амалӣ кардани шиори: “Ман ба Шумо сулҳ меорам” роҳро ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ ҳамвор кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш муттаҳид ва ба қалби онҳо шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.

Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои нарасидани кишварҳои ҷангзада ба сулҳу субот, ин вуҷуд надоштани лидери сиёсӣ дар ин ҷомеаҳо мебошад.

Роҳбари кишвари мо бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи ҳалокат берун овард, мардуми парешонгаштаро сарҷамъ карда, садҳо ҳазор мардуми ғарибу дур аз диёрро ба Ватан баргардонид.

Дастоварди бузурги Пешвои муаззами миллати мо, бешубҳа барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Аз таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар дигар кишварҳо медонем, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳо берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар дастгоҳҳои давлатию сохторҳои қудратӣ нашинондааст. Аммо Роҳбари тозаинтихоби мо ба хотири оромию осудагии мардуми тоҷик, сарҷамъии миллат, якпорчагии Тоҷикистони азиз аз тамоми имкониятҳо истифода бурд, то ин ки миллат ва давлат аз байн наравад.

Бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сулҳи тоҷикон ба даст омад, ки ин барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст.

Расул Ғамзатов, шоири халқии Доғистон гуфта буд: “Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”.

Албатта, чунин баҳодиҳӣ ба ҷасорату қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи сиёсатмадорон ва адибону нависандагони ҷаҳон воқеъбинона мебошанд.

Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

                       

Афзалшо РАҲМОНЗОДА,

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ