МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ МОДАР»
Имрӯз дар толори суди ноҳияи Рӯдакӣ бо ташаббуси Раиси суд Раҷабзода Ҳ.Н. маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Модар» баргузор шуд ки он бо суханони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,-
«Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғаи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камол расоннандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳангӣ миллӣ мебошад», оғоз гарид.
Роҳбарияти суд ҳамаи бонувон-судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро аз самими қалб табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд:
Эҳтироми зан, шинохту қадр ва манзалати модар қарз ва рисолати ҳар фарди худогоҳ буда, мо дар сурате онро адо карда метавонем, ки ба қадри заҳмату ранҷ, шири ҷонбахши модар, меҳру самимият ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони боиффату ҳаётофари худ арҷи шоиста гузошта тавонем.
Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст.
Гузашта аз ин, зан-модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад. Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.
Инчунин, дар маҷлиси тантанавӣ муовин, судяҳо дар васфи модар суханҳои тарбикоти гуфта, дар охир ба бонувон-судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд туҳфаҳои хотиромон тақдим гардид.