Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди ноҳияи Рӯдакӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 ироа гардидаанд

 

«ТАСДИҚ МЕНАМОЯМ»

Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ

_______________Расулзода Н.Ғ.

«07» январи соли 2021

Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди ноҳияи Рӯдакӣ оиди таъмини иҷрои Нақшаи кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд

р/т Номгӯи чорабиниҳо Муҳлати иҷро Шахсони масъул
1. Дар ҷаласаи назди раиси суд мавриди омӯзиш қарор додани Нақшаи кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021 сол  

моҳи январ

 

 

Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовини якуми раис:- Солеҳзода З.Т.

2. бо омодагии ҳамаҷониба иштирок намудан дар ҳайати гуруҳҳои корӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мунтазам

 

Бо пешниҳод намудани ҳисоботи ҳар семоҳа

Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовинони раис:-

Солеҳзода З.Т.,

Сафарзода Д.А.,

Судяҳо ва кормандони дастгоҳ

3. ташкил намудани вохӯриву суҳбатҳо бо аҳолии кишвар, баромадҳо дар воситаҳои ахбори омма, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю маҷаллаҳо ҷиҳати тарғибу ташвиқи меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам

 

Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовинони раис:-

Солеҳзода З.Т.,

Сафарзода Д.А.,

судяҳо

4. бо риояи қатъии муҳлатҳои муқарраршуда таъмини баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судӣ аз ҷониби судяҳо мунтазам Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовинони раис:-

Солеҳзода З.Т.,

Сафарзода Д.А.,

судяҳо

5. қабули қарорҳои қонуниву асоснок ва бо ин васила таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳо мунтазам

 

 

Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовинони раис:-

Солеҳзода З.Т.,

Сафарзода Д.А.,

судяҳо

6. тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти муҳими фаъолияти мақомоти судӣ қарор додани қабулу баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мунтазам

 

 

Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовинони раис:-

Солеҳзода З.Т.,

Сафарзода Д.А.,

судяҳо

7. бо риояи талаботи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ва Кодекси меҳнат сари вақт ташкил ва баргузор намудани аттестатсия, озмуни ҷойҳои холӣ, ҷойивазкунии (ротатсия) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ва баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатии мақомоти судӣ мунтазам

 

 

Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовини якуми раис:-

Солеҳзода З.Т.,

8. баҳри пешгирии ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташакили фаромиллӣ андешидани чораҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ мунтазам

 

 

Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовинони раис:-

Солеҳзода З.Т.,

Сафарзода Д.А.,

Судяҳо

9. бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқи нақшаи дохилиидорвӣ ва саҳм гузоштан дар татбиқи чорабиниҳои ободониву созандагӣ таҳия ва тасдиқи нақша то 01.06.2022, корҳои ободониву созандагӣ мунтазам Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовинони раис:-

Солеҳзода З.Т.,

Сафарзода Д.А.,

Судяҳо ва кормандони дастгоҳ

 

Эзоҳ:- Назорати таъмини иҷрои чорабиниҳои пешбинишуда ба зиммаи муовинони раиси суд Солеҳзода З.Т. ва Сафарзода Д.А. вогузор карда шавад.