ШУКРГУЗОРИ ДАВЛАТУ САРВАРЕМ

Чуноне ки ба ҳамагон аён аст, имсол 26-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тинҷу даврони осоишта халқи меҳнатқарини мо истиқбол мегиранд. Шурӯъ аз 6-уми ноябри соли 1994 мо Конститутсияи худро, ки амсоли беҳтарин Қонун аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, ҷашн мегирем. Инро яке аз нодиртарин идҳои миллӣ гуфтанам ҷоиз аст. Пас аз ҳазорсолаҳо соҳиби давлати соҳибистиқлол ва Конститутсия гардидан дар шароити даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ басо кори сангину душвор буд. Аммо бо нерӯи зеҳнӣ ва иродаи матини Сарвари давлат Раиси навинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мушкилиҳо бартараф ва бунёди ин раванд поягузорӣ гардид. Баробари фарогирии чунин лаҳзаҳои хуш таҳкурсии ваҳдату ягонагии халқи ҷафокашидаи мо гузошта шуд.

Озодии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳуқуқу манфиатҳои ӯ aз ҷониби давлат кафолат дода шуд, ки ин дар шароити ҳассос ба вуқӯь пайваст. Шаҳрвандон ба сарвари худ бовар карданд то ба ҳол бовариву умеди онҳо ба сиёсатмадори варзида Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзун меёбад.

Ҳанӯз дар ҳамон лаҳзаҳои пурошӯб аз минбари Иҷлосияи тақдирсоз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявиву ягонаи Тоҷикистон ибрози назар намуда, таъкид ба он доштанд, ки ин ҳадаф танҳо ба майли халқ ва Конститутсияи нав татбиқ хоҳад шуд.

Имрӯз чунин қонуни асосӣ амал мекунад. Яъне орзуву омоли шаҳрвандон ба иҷро расид. Сатҳи зиндагонии мардум ба маротибаҳо беҳтар, харобиҳо бартараф ва мароми созандагӣ идома дорад. Алҳол, ки дар арафаи 30-солагии Истиқлолият қарор дорем шоҳиди онем, ки ҳар рӯз дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ корҳои ободонӣ босуръат пеш меравад. Хурсанду шукргузорем, ки ин ҳама бо шарофати Конститутсия, Истиқлолияти давлатӣ ва роҳбари оқил Президенти муҳтарам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бароямон муваффақ гардидааст.

Расулзода Нуриддин Ғафор
Раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ