АЗ ПАЁМ БИОМӮЗЕМ

                                                              АЗ ПАЁМ БИОМӮЗЕМ

Нуриддин Расулзода

Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ

 

Ҳадафи аслии ҳар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ноил гардидан ба риояи қонун, расидан ба пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмин намудани зиндагии шоиста барои мардуми кишвар мебошад.

 

Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, бори дигар таъкид шуд, ки яке аз дастоварҳои Истиқлолияти давлатӣ тақвият бахшидан ба рукнҳои давлатдорӣ, барқарор намудани сохтору мақомоти муҳими давлатӣ ва таъмини волоияти қонун ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи такдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, изҳор доштанд, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастаанд.

Дар ҳамин замина, дар тӯли солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ҳама рукнҳои давлату давлатдорӣ дар кишвар ташкил шуда, инкишоф ёфтанд. Яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлол — Парчами миллӣ ҳанӯз дар ҳамон иҷлосия қабул гардид.

Дертар, шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади муҳимтарини хуқуқӣ ва қонунӣ бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуда, минбаъд дар асоси он дар кишвар ислоҳоти конститутсионӣ оғоз ёфт.

Хусусан, парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуданд.

Ичунин, соҳиби Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ гардидем. Солҳои соҳибистиқлолӣ зина ба зина Тоҷикистон ба давлате табдил ёфт, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шуд.

Дар Паёми Пешвои миллат доир ба дастовардҳои давраи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла қайд мешавад: «Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт. Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард. Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлатӣ соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он — деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.»

Бо фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004 қонуни дахлдор қабул карда шуд, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар мораторий эълон гардид. Тавре дар Паём қайд шуд, дар даврони истиқлолият 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шуданд. Аз ҷумла 7 сентябри соли 2021 ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ қонуни авф қабул карда шуд, ки тибқи он 11 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардид.

Волият ва татбиқи қонун ба рушди соҳибкорӣ низ мусоидат менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ чор маротиба қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон қабул ва амали гардонида шуд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонид.

Дар қатори дигар мақомоти судии кишвар Суди ноҳияи Рӯдакӣ фаъолиятро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Конистутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри ба амал баровардани адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо, манфиати давлат, зимни татбиқи қонунҳои амалкунандаи ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавӣ, фаҳмондадиҳии қонунҳои амалкунанда, дар ин давра корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Ҳатман ҷазо гирифтани ҷинояткор ва баррасии рафтори онҳое, ки аз чаҳорчӯбаи қонун берун мебароянд, вазифаи асосии мақомоти мост. Масалан, тӯли соли 2021 ба истеҳсолоти Суди ноҳия 459-парвандаҳои ҷиноятӣ ворид гардид. Аз онҳо 445 парвандаҳо баррасӣ гардида, нисбати 355 ҳукм бароварда шуда, 63 адад қатъ ва 25 адад аз рӯи тобеият ирсол гардид.

Дар ин давра инчунин, ба суд 1072-адад парвандаҳои гражданӣ ворид шудаанд. Парвандаҳои баррасишуда 982 адад буда, аз он ба 719 ҳалномаҳо бароварда шуда, ба 98 адад бо баровардани фармон, ба 165-адад бо баровардани таъинотҳои судӣ баррасӣ гардидааст. Аз шумораи умумӣ 16-адад парвандаҳои гражданӣ қатъ карда шуд, 140-адад бебаррасӣ мононда шуд.

Судяҳо ва кормандони суд дар гуруҳҳои таблиғотӣ бо якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар сохторҳои қудратию давлатӣ, дар идораю корхонаҳо, мактабҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳои аҳолинишин роҷеъ ба Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи забони давлатӣ», ҷинояту ҷинояткорӣ ва роҳҳои пешгирии он, ҷиноятҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи муходдир, ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, терроризм, экстремизм, одамфӯрушӣ, одамкушӣ, фаъолияти ҳизбҳои ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳои муҳим соли гузашта суҳбатҳо анҷом додаанд.

Зимнан, бояд ин нуқтаи муҳими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур бошад: «Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на “Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо”.