МУРОФИАИ САЙЁРИ СУДӢ ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Имрӯз аз ҷониби Судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия маҷлиси сайёри судӣ бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он нисбат ба ҳар як ҳуқуқвайронкунанда ҷазои сазовор таъин гардид.

Илова бар ин, бо падару модарон дар мавзуъи хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва психотропӣ, савдои одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб суҳбат гузаронида шуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас дода шуд.