Табрикоти Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамаи Шуморо бо ҷашни байналмилалии Наврӯз аз самими қалб табрику муборакбод гуфта, ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, саодати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ ба гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Омили аслии пояндагӣ ва мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедориро ато менамояд.

Ҷашни Наврӯз бешак яке аз маросимҳои писандидаи тоҷикон аст, ки бо сифатҳои башардӯстона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шуда, он аз замони ҳукмронии шоҳ Ҷамшед маншаъ гирифта, бо расму оинҳои худ, аз қабили ҳафтшину ҳафтсин оростани дастархони идона, суманакпазиҳои занону духтарон, рақсу суруди гирди оташи фурӯзон, сурудҳои фалаку шашмақом, ҷуфтронии деҳқонон, гӯштингириву аспдавонии паҳлавононӣ то ба замон омада расидааст.

Наврӯз ин маънои “рӯзи нав” дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо шуда, бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба тамоми мардуми кишвар самимона табрик гуфта, орзумандам, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадон ва сулҳу оромӣ ҷовидонӣ бошад.

Наврӯзатон фирӯз бод!

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!