Ҷиҳати амалисозии нақшаи кории Суди ноҳияи Рӯдакӣ, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 21 феврали соли 2023 таҳти №96 “Дар бораи таъсис додани гуруҳи машвартӣ оид ба пешгирии экстремизми хушунатомез, офиятбахшӣ ва барқарорсозии баргаштагон”

Аз ҷониби роҳбарият, кормандони Суди ноҳияи Рӯдакӣ дар якҷояги бо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ бо усули хона ба хона, бо оилаҳои осебпазир, ки фарзандони онҳо ба гуруҳу ташкилотҳои экстремистию террористӣ ҷалб гардидаанд, суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.