ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХСОЗ

ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХСОЗ

        

Давоми 17 рӯзе (16 ноябр – 2 декабр, соли 1992), ки дар боргоҳи иттиҳодофар – Қасри Арбоб Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарён гирифт, метавон чанд санаи онро таърихӣ унвон кард:

16 ноябр – рӯзи ба кор шуруъ намудани Иҷлосия;

19 ноябр – ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани вакили халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;

24 ноябр – рӯзи қабули муқадасоти миллӣ – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

26 ноябр – рӯзе, ки Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ (Сарвари давлат) сарварони дастаҳои мусаллаҳи ҷонибҳои даргирро ба нияти ба даст овардани сулҳ дар толори иҷлосия ҷамъ намудаанд ва онҳо дар назди Парчами давлатӣ қасам ёд карда, ба ҳамдигар оғӯш кушоданд.

Пас аз ба мувофиқа омадани ҷонибҳои даргир дар саҳни Қасри Арбоб оши оштӣ дода шуд. Шоири халқии Тоҷикистон зиндаёд Ашӯр Сафар, аз ғояти шодӣ ба ин муносибат ва ба ифтихори Раиси Шурои Олӣ интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рафти Иҷлосияи таърихиро тавассути оинаи нилгун тамошо мекард, бадоҳатан дар ҳамон рӯз шеъреро эҷод намуд, ки чанд байти онро меорам:

Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ,

Ба даҳан қанди сухан омадаӣ.

Ба замин не, ба ҳаво не ба куҷо?

Сар-сари дидаи ман омадаӣ!

Қатъи назар аз ин, Пешвои миллат барои расидани Тоҷикистон ба сулҳи воқеӣ анқариб панҷ соли дигар талошу ҷонбозиҳо, сафарҳо, мулоқоту гуфтушунидҳо бо мухолифин доштанд. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгори миллӣ ба имзо расид, ки дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон ба ҳарфҳои зарҳалин сабт шудааст.

Ин ҳама нишон медиҳад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро авф кард, гурезаю муҳоҷири иҷбориро ба Ватан баргардонда, ба миллати мотамзада сулњу ваҳдат ва суботу амният овард. Ин чеҳраи тобони таърих пояи давлатдориро дубора аз сифр бунёд намуда, ҳуқуқро ба ғояҳои анъанавию миллӣ таҳрезӣ кард, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард.

Имсол аз баргузории Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол ва аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ бисту панҷ сол пур шуд. Дар ин муддат на чандон мадид кишвари мо зери роҳбарии Пешвори миллат ба дастовардҳое ноил гардид, ки амсолашро таърихи давлатдории тоҷикон ёд надорад.

Аз ин рӯ, аз гузашта бояд дарси ибрат гирифт, зеро таърих моро меомӯзонад, то дигар хато накунем. Аз ҳамин хотир Сарвари давлат доимо ба сокинони кишвар, махсусун наврасону ҷавонон, талқин мекунанд, ки таърихи халқи худро хонанду омӯзанд ва аз он сабақи ибраг гиранд.

 

Н.Расулзода

Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ