Таъиноти хусуси маҷлиси судӣ дар бораи пешгирии омилҳои коррупсионӣ

 

ТАЪИНОТИ ХУСУСИИ МАҶЛИСИ СУДӢ

Суди ноҳияи Рӯдакӣ

Дар ҳайати раисикунанда Нурулозода Ш.С.

Машваратчиёни халқӣ Пирова Г. ва Сафаров А.

Бо котибии Рустамзода Ҷ.С.

Бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Исломидинзода Қ.

Ҳимоятгар Бобоева З.

Бо иштироки тарҷумон Маҳмудзода У.З.

              Дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори маҷлисгоҳи судии суди ноҳияи Рӯдакӣ 21 сентябри соли 2022, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Алмурадов Қурбонназар Абдиназарович, соли таваллудаш 20 ноябри 1958, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ ӯзбек, таҳсилоташ миёнаи махсус, оиладор соҳиби шаш фарзанд, нафақахӯр, пеш суд нашудааст, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Гули Бодом, бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро баррасӣ намуда,-

                                                                                 МУАЙЯН  КАРД:

Бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 21 сентябри соли 2022 судшаванда Алмурадов Қ.А. бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазои сазовор таъин гардид.

Ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятӣ муайян гардид, ки содир шудани ҷиноят аз тарафи судшаванда Алмурадов Қ.А. ин, дар сатҳи паст қарор доштани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба Қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 августи соли 2021  таҳти №222 тасдиқ карда шудааст, мебошад, ки дар натиҷа судшаванда Алмурадов Қ.А. дар вазифаи раиси Раёсати истифодабарандагони оби “Хоҷабулбулон”-и Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият карданаш ба андозаи 7844 метр қубурҳои асбести қутрашон 300 мм-ро, ки молу мулки давлат ба ҳисоб меравад, азонихуд намуда, ба давлат зарари махсусан калон расонидааст.

Мувофиқи банди 8 Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои давраи то соли 2030), бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия, дар вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шудааст.

Тибқи банди 107 Стратегияи мазкур Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо қарори Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 июли соли 2014, таҳти №4 тасдиқ гардида, комиссияҳои мазкурро лозим аст, ки фаъолияти худро дар муқовимат ба коррупсия ҷоннок намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.

Мутобиқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» яке аз салоҳиятҳои Ҷамоат дар соҳаи қонуният ин, ташкили таъмини иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакиро зарур аст, ки тавассути чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, огоҳсозӣ аз оқибатҳои коррупсия ва роҳҳои дигари самарабахш сатҳи маърифати зиддикоррупсионии аҳолии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ баланд бардошта, баҳри пешгирии омилҳои коррупсионӣ чораҳои зарурӣ андешад.

Бо дастрасии моддаҳои 35, 290 ва 363 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд,-

ТАЪИН  КАРД:

Диққати Раиси ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба тарғибу ташвиқоти Қонунҳои амалкунанда аз тарафи кормандони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ, баҳри пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ, ҷалб карда шавад.

Аз натиҷаи иҷроиши таъиноти мазкур на дертар аз як моҳ ба суди ноҳияи Рӯдакӣ тариқи хаттӣ маълумот пешниҳод карда шавад.

Нисбат ба таъинот, дар муддати даҳ шабонарӯз, тавассути ҳамин суд, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти хусусӣ овардан мумкин аст.

 

РАИСИКУНАНДА                          имзо           НУРУЛОЗОДА Ш.С.

Машваратчиёни халқӣ                  имзо           Пирова Г.

имзо           Сафаров А.