ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ СУДӢ

                                   

06 декабри соли 2022 бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ як қатор таъиноти кадрӣ ба амал баромад.

         Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои судяи судҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва судҳои вилоятиву шаҳри Душанбе таъин гардиданд, изҳор доштанд, ки ҳар корманди мақомоти судӣ бояд заҳмати пайгирона ва дасту дилу нияти пок соҳиби обрӯ гардад, ба давлату миллат содиқона хизмат кунад ва вазифаи пуршарафи судяро танҳо бо риояи қатъии талаботи қонун ва бо дарки баланди масъулият иҷро намуда, дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таҳкими қонунияту адолат дар мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

         “Судяҳо на танҳо зимни фаъолияти касбӣ, балки берун аз кор ва дар зиндагӣ низ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд” — таъкид намуданд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

         Аз ҷумла бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 декабри соли 2022 таҳти №479

         Расулзода Нуриддин Ғафор аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардида, раиси суди вилояти Хатлон таъин гардид.

         Ҳамзамон бо Фармони мазкур, Мирзозода Файзулло Мирзо ва Акрамзода Муҳаммад Юсуф судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин гардиданд.

         Ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Рӯдакӣ Расулзода Нуриддин Ғафорро ба вазифаи раиси суди вилояти Хатлон таъин гардиданашон табрику муборакбод гуфта, аз ӯ барои панҷсоли фаъолияти намунавӣ дар суди ноҳияи Рӯдакӣ изҳори сипос намуда, дар фаъолияти касбиашон шарафу обрӯ таманно карданд.