Вохӯрии Судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ бо сокинон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)

           Дар вохӯри Муовини якуми Раис Нурулозода Ш.С. оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», оид ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», инчунин дар бораи “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”,-

            Судяи суди ноҳия Асрорӣ И.Қ. дар мавзуъи хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва психотропӣ, савдои одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб,-

             Судяи суди ноҳия Шоҳусайнзода Х.Ё. дар мавзуъи содиршавии ҷиноят аз тарафи сокинони Ҷамоат оиди худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин,-

            Судяи суди ноҳия Зиёзода Ҳ.А. сабаб ва омилҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат, баромад ва ба ҳозирин пешниҳод гардид, ки оиди дар амал татбиқ гардидани ҳар як банди Паём ва Қонунҳои амалкунанда чораҳои зарурӣ андешиданд.

            Дар охир ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд.