ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ ВА МУҚАДДАС

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як халқ ва миллат рамзи озодӣ, худшиносӣ ва соҳибихтиёрии воқеӣ ба ҳисоб меравад. Миллате, ки соҳиби давлати мустақили худ аст, метавонад бо такя ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ роҳи рушди мустақилона интихоб кунад ва тақдири хешро ба дасти худ гирад.

Барои мардуми тоҷик истиқлол на танҳо як санаи тақдирсоз, балки арзиши муқаддасест, ки сарнавишти миллат ва ояндаи давлатро муайян мекунад. Эълон гардидани Истиқлоли давлатӣ дар санаи 9 сентябри соли 1991 саҳифаи на веро дар таърихи миллати тоҷик боз кард. Пас аз ҳазорсолаи тӯлонӣ, ки давлатдории миллӣ аз даст рафта буд, халқи тоҷик бори дигар соҳиби давлати худ гардид. Ин рӯйдод орзую ормони наслҳои зиёдеро амалӣ сохта, ба эҳёи давлатдории миллӣ ва забону фарҳанги бостонӣ замина гузошт.

Бо вуҷуди ин, соҳиб шудан ба истиқлол танҳо ибтидои роҳ буд. Солҳои аввали давлатдории навбунёд душвориҳои сангини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро пеш оварданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ва номукаммалии идоракунии давлатӣ хатари аз даст рафтани истиқлолро бештар кард. Аммо бо азму талоши созанда ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи қавии мардум дар кишвар сулҳ барқарор шуда, пояҳои давлатдорӣ тадриҷан устувор гарданд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи қонунӣ ва сиёсии давлати соҳибистиқлолро мустаҳкам кард. Ин санад сохтори ҳокимияти давлатиро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дод ва роҳи рушди демократиро барои кишвар боз намуд. Бидуни чунин асоси мустаҳками ҳуқуқӣ пешрафти устувори давлат тасаввурнопазир буд.

Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон сиёсати хориҷии мустақил дошта бошад ва бо кишварҳои ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор намояд. Сиёсати «дарҳои боз» ба он мусоидат кард, ки Тоҷикистон ба созмонҳои бо нуфузи байналмилалӣ шомил шуда, бо даҳҳо кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориро ба роҳ монад. Ин раванд мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшид.

Аз лиҳози иқтисодӣ истиқлол ба кишвар имконият дод, ки захираҳои табиӣ ва иқтидорҳои истеҳсолии худро мустақилона истифода барад. Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди энергетика, саноат, кишоварзӣ ва инфрасохтор боиси пешрафтҳои назаррас гардиданд. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки имрӯз ба рамзи истиқлоли энергетикӣ табдил ёфтааст, яке аз бузург тарин дастовардҳои даврони мустақилият мебошад.

Дар баробари пешрафтҳои иқтисодӣ, рушди соҳаи иҷтимоӣ низ дар маркази диққати давлат қарор гирифт. Сохтмони мактабҳо, муассисаҳои тандурустӣ, марказҳои фарҳангӣ ва варзишӣ сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намуда, имконияти таҳсилу табобат ва фароғати шоистаро фароҳам овард. Ин ҳама барои таъмини рушди инсонӣ ва таҳкими пояҳои давлати миллӣ мусоидат намуд.

Истиқлоли давлатӣ ҳамчунин эҳёи худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангиро таъмин кард. Ҷашн гирифтани санаҳои муҳимми таърихӣ, эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва сохтмони осорхонаҳову марказҳои илмӣ на танҳо хотираи таърихиро зинда намуданд, балки ҳисси ифтихори миллӣ ва ваҳдати маънавиро тақвият бахшиданд.

Имрӯз, баъди 34 соли соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвару рӯ ба рушд дар ҷаҳон шинохта шудааст. Ҳама ҳадафҳои стратегии кишвар — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди бо суръати соҳаи саноат тадриҷан амалӣ шуда истодаанд. Ин ҳама комёбиҳо гувоҳи онанд, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллат на танҳо рамзи озодӣ, балки заминаи воқеии пешрафт ва рушд мебошад.

Ҳамин тавр, Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик дастоварди бузургу муқаддасест, ки бо заҳмати фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Нигоҳдорӣ ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, наслҳои оянда бояд ин арзишро ҳамчун рамзи ваҳдату озодӣ ҳифз намоянд. Танҳо дар партави истиқлол метавонем давлати пешрафта, ҷомеаи обод ва ояндаи дурахшонро бунёд намоем.

Дилороми РАҲМОНАЛӢ,

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ

 

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун рамзи озодии миллат