ТАЪИНОТ оид ба ошкоро супоридани даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда
ТАЪИНОТ
оид ба ошкоро супоридани даъватномаи
судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда
19 августи соли 2025 ноҳияи Рӯдакӣ
Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Иброҳимзода Б.А., парвандаи оилавї бо даъвои Ибрагимова Марҳабо Садыковна нисбати Ибрагимов Ҷамшед Ҷалилович дар бораи бекор кардани ақди никоҳро баррасӣ намуда,-
МУАЙЯН КАРД:
Ибрагимова М.С. дар бораи бекор кардани акди никоҳ бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намуда, аз суд ќонеъ намудани онро пурсидааст.
Тавре аз аризаи даъвогї бармеояд, ҷавобгар Ибрагимов Ҷ.Ҷ. дар ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ, деҳаи Чавалай зиндагонӣ менамояд.
Суд барои ҷалб намудани ҷавобгар Ибрагимов Ҷ.Ҷ. баррасии парванда чораҳо андешида, ба суроғаи ӯ даъватномаи судї фиристонид. Тавре маълум гардид, ҷавобгар гарчанде, ки бо суроғаи боло ёдрасшуда айни ҳол дар ин манзил истиқомат накарда, дар суроғаи номаълум қарор доштааст.
Тибқи талаботи қисми 1 модлаи 121 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарнома ё даъвати судӣ, ки қабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзилӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллии ҷойи охирини истиқомати ҷавобгар ё маъмурияти ҷойи кори охирини маълуми ҷавобгар тасдиқ намудаанд, оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ қабул мекунад.
Суд бо назардошти ҳолатҳои боло овардашуда, қабул намудани таъинот дар хусуси ошкоро супоридани хабарнома, даъвати судӣ ва инчунин ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда, ҳамзамон мавқуфгузории баррасии парвандаро то санаи 19 сентябри соли 2025 мувофиқи мақсад донист.
Ҷавобгар Ибрагимов Ҷамшед Ҷалилович вобаста ба ҳамин парванда, метавонад ҳамагуна далелҳои эътимодноки мавҷударо ба суд пешниҳод намояд.
Ҷавобгар Ибрагимов Ҷамшед Ҷалилович ошкоро ба суди ноҳияи Рӯдакӣ дар санаи 19 сентябри соли 2025 ба сифати ҷавобгар оид ба парвандаи оилавӣ бо даъвои Ибрагимова М.С. дар бораи бекор кардани акди никоҳ даъват карда шавад.
Бо дастрасии моддаҳои 121, 229 ва 230 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя,-
ТАЪИН КАРД:
Ба ҷавобгар Ибрагимов Ҷамшед Ҷалилович супоридани даъвати судӣ бо ҳуҷҷатҳои замимашуда оид ба парвандаи оилавӣ бо даъвои Ибрагимова Марҳабо Садыковна дар бораи бекор кардани акди никоҳ, ошкоро эълон карда шавад.
Ба даъватномаи судӣ ҳуҷҷатҳои зерин; нусхаи аризаи даъвогӣ, нусхаи шиносномаи даъвогар, маълумотнома аз ҷойи зисти даъвогар, нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ ва даъватномаи судӣ замима карда шаванд.
Нусхаи таъинот аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷойи эълонҳои судӣ насб карда шуда, пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи насб шуданаш ба ҷавобгар Ибрагимов Ҷамшед Ҷалилович ошкоро супоридашуда эътироф гардад.
Дар сурати баъд аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷойи эълонҳои судӣ насб карда шудани таъинот дар бораи ошкоро супоридани хабарнома, даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба суд ҳозир нашудани ҷавобгар Ибрагимов Ҷамшед Ҷалилович парвандаи оилавӣ бо назардошти фикри даъвогар Ибрагимова Марҳабо Садыковна бо тартиби мурофиаи ғоибона баррасӣ карда шавад.
Баррасии парванда то санаи 19 сентябри соли 2025 мавқуф гузошта шавад.
Судяи суди
ноҳияи Рӯдакӣ имзо Иброҳимзода Б.А.
Суди ноҳияи Рӯдакӣ 