МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз 6 сентябри соли 2023 дар Суди Олӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, судяҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок намуданд.
Дар оғози маҷлис Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иштирокчиёнро бо фарорасии 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик карда, дар бораи моҳияти Истиқлолият ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд.
Сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ҳозиринро ба Ҷашни бузурги миллӣ табрик намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба судяҳои судҳои ҷумҳурӣ мукофотҳои давлатиро, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти назаррас ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ сарфароз гардонида шуданд, супориданд.
Қайд карда шуд, ки Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар давоми даҳ асри гузашта буда, маҳз ба шарофати истиқлолият Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Истиқлолият нишонаи озодӣ, ҳувият, рамзи соҳибдавлатӣ, ватандорӣ, саодат, ифтихору номус ва шарти пойдории миллати бузургамон мебошад, ки тақдирашро бо дасти хеш навишта, низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян намудааст.
Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он фаъолияти мақомоти олии қонунгузор, иҷроия ва судии мамлакат таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шаванд.
Маҳз дар ҳамин давра Тоҷикистон ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки асоси давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ва халқу миллатҳои мутамаддин ҳисоб меёбад, шурӯъ намуда, рушду такомули он ва дар ин замина таъмин намудани фаъолияти озодонаи ҳизбу созмонҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуданд.
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи кишвар имрӯз Тоҷикистон соҳиби ҳокимияти судии мустақил, ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ шуда, ба инкишофу таҳкими институтҳои демократӣ, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ноил гардид.
Дар моддаи 9-и Конститутсия ҳокимияти судӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, дар боби 8-и он вазифа, мақсад, принсипҳои фаъолият, талаботҳо оид ба таъин ва интихоби судяҳо низоми судӣ мушаххас гардонида шуда, адолати судӣ омили муҳими таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳо маънидод шуд.
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ судяҳои Суди Олӣ дар мавзӯъҳои «Истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ», «Дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» ва «Таҳкими ҳокимияти судӣ дар даврони Истиқлолият» маърӯзаҳо намуданд.
Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Ҷашни муқаддаси миллиамон шодбош гуфта, кори маҷлисро хотима бахшиданд.
Ахборот аз маркази матбуоти Суди Олӣ (https://sud.tj/markazi-matbuot/khabarho/987/) гирифта шуд.