БАСТАНИ АҲДНОМАИ НИКОҲ ҲАТМИСТ

Мувофиқи аҳдномаи никоҳ ҳамсарон имконият пайдо мекунанд, ки ҳуқуқҳои молу мулкии худро дар давраи зиндагии якҷоя ва мавриди бекор шудани ақди никоҳ ба таври амалӣ анҷом диҳанд.

Аҳдномаи никоҳ — созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулкӣ ва уҳдадориҳои онҳоро дар  давраи заношӯӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд.

Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи занушавҳарӣ баста шавад.

Аҳдномаи никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.

Бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатмӣ буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад.

Аҳдномаи никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад.

Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки бо аҳдномаи никоҳ низоми моликияти муштараки ба молу мулки умумӣ муқаррарнамудаи қонунро (моддаи 34 Кодекси мазкур) тағйир дода, низоми моликияти саҳмиро ба тамоми молу мулки дар давоми ақди никоҳ ҷамъовардаашон ё ба намудҳои алоҳидаи он ё  худ ҳама гуна низоми молу мулки умумиашонро, ки ба ҳар яки онҳо тааллуқ дорад, муқаррар намоянд.

Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам нисбати молу мулки мавҷуда ва ҳам нисбати молу мулки ояндаи зану шавҳар баста шавад.

Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки дар аҳдномаи никоҳ ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дар мавриди таъминоти якдигар; тариқи иштирокро дар даромади ҳамдигар; тартиби хароxоти оиларо аз ҷониби ҳар кадоми онҳо; хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилавӣ ва молу мулкеро муайян намоянд, ки дар сурати бекор кардани ақди никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад, инчунин ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои молу мулкиашонро дохил намоянд.

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи аҳднома метавонад бо муҳлатҳои муайян маҳдуд карда шавад ё бо шарти фаро расидан ё фаро нарасидани шароити алоҳида вобаста карда шавад.

Аҳдномаи  никоҳ наметавонад қобилияти ҳуқуқӣ ё молу мулкии зану шавҳар; ҳуқуқи онҳоро барои муроҷиат ба суд xиҳати ҳифзи ҳуқуқҳояшон; танзими муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии  байни зану шавҳар; ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсии зану шавҳарро нисбати фарзандон маҳдуд кунад; муқарраротеро пешбинӣ намояд, ки ҳуқуқи ҳамсари корношоями эҳтиёҷмандро ба таъминот маҳдуд кунанд ва шартҳои дигаре дошта бошад, ки зан ё шавҳарро дар ҳолати ниҳоят ногувор гузоранд ё хилофи асосҳои умумӣ ва мазмуну муҳтавои қонунҳои оила бошанд.

Дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои  никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешбинӣ карда шаванд:

-муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо  оид ба молу мулк;

-ӯҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон;

-бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон;

-нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд.

Аҳдномаи никоҳро дар ҳар давра бо мувофиқаи зану шавҳар тағйир додан ва ё бекор кардан мумкин аст. Созишнома дар бораи тағйир додан ё  бекор кардани аҳдномаи  никоҳ дар ҳамон шакле, ки аҳдномаи никоҳ баста мешавад, ба имзо мерасад.

Ба якҷониба рад намудани иҷрои аҳдномаи никоҳ иҷозат дода намешавад.

Бо талаби зан ё шавҳар аҳдномаи никоҳ бо ҳалномаи суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода ё бекор карда шуданаш мумкин аст.

Амали аҳдномаи никоҳ аз лаҳзаи қатъ кардани ақди никоҳ (моддаи 25 ҳамин Кодекс) ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар аҳдномаи никоҳ барои давраи баъди қатъи ақди никоҳ пешбинӣ шудааст, қатъ мегардад.

Аҳдномаи никоҳ бо асосҳое, ки дар Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беэътибории аҳдҳо пешбинӣ гардидаанд, аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста мешавад.

Зану шавҳар, инчунин дигар аъзои болиғи оила ҳуқуқ доранд байни худ шартномаи ҳадя, хариду фурӯш ва ҳама гуна шартномаҳои дигаре банданд, ки хилофи қонун нестанд. Муносибатҳое, ки дар асоси ин гуна шартномаҳо байни зану шавҳар ва аъзоёни дигари оила  ба миён меоянд, тавассути қонунгузориии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.

Дар замони муосир ин меъёри ҳуқуқӣ аҳамияти актуалӣ дорад, зеро дар натиҷаи навҳои гуногуни фаъолияи хоҷагидорӣ, тиҷорату соҳибкорӣ, зеҳнӣ ва дар шароити имрӯзаи бозоргонӣ шумораи оилаҳое, ки дар ихтиёри худ молу мулки ғайриманқул, корхонаҳои хусусӣ дар маҷмӯъ моликияти зиёде доранд, афзоиш меёбад. Комилан табиист, ки бо афзун шудани молу мулки ҳамсарон зарурияти ҳимояи он ҳангоми тақсими моликият дар оянда ба эътибор гирифта мешавад.

Аз ин рӯ, ҳамсарон бо истифодаи ин аҳдномаи никоҳ дар мавриди пош хӯрдани оила бе баҳс дар ҳалли мушкилоти тақсимоти моликияти муштараки худ саҳмгузор шуда метавонанд.

 

 

ФАЙЗУЛЛО МИРЗОЗОДА

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ