КАФИЛИ ҶОМЕАИ ҚОНУНСОЛОР
Ба ҳамагон маълум аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Тазаккур бояд дод, ки Конститутсияи амалкунанда соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани давлати моро таҷассум менамояд.
Дар зери мафҳуми Конститусия дар илми ҳуқуқшиносӣ одатан қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он асосҳои сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст.
Қабули Қонуни асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи даврони Истиқлол ба шумор рафта, рӯйдоди дар ҳақиқат бузург ва тақдирсоз мебошад. Конститутсия Истиқлоли давлатии тоҷиконро ба расмият даровард, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт.
Қонуни асосӣ, ки бо назардошти манфиатҳои мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян карда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон асоси боэътимод гузошт.
Конститутсия на фақат қонуни асосӣ, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии ҳуқуқии худ аз дигар қонунҳо фарқ мекунад. Ҳеҷ як қонуни дигар бо эътибори ҳуқуқии худ ба он баробар шуда наметавонад.
Таъмин намудани беҳтарин шароити зиндагӣ барои шаҳрвандон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст. Дорои чунин Қонуни асосӣ будан барои мо, сокинони кишвар мояи ифтихор аст. Конститутсияи айни ҳол амалкунандаи кишвари мо, аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад.
Дар таҳияи Конститутсия таҷрибаи пешқадами конститутсионализми давлатҳои мутараққии дунё ба инобат гирифта шуда, он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз ҷумлаи Конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф гардидааст.
Конститусия қонуни асосии давлат буда, принсипҳои ҳуқуқиро муайян мекунад. Аз ин ҷост, ки онро бахтномаи миллат меҳисобанд. Моро зарур аст, ки ба қадри ин ҳама неъматҳои доштаамон бирасем. Бар замми ин, Сарвари ѓамхору дилсӯз дорем, ки барои сокинон тамоми шароитҳои заруриро фароҳам сохтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар вохӯриву баромадҳояшон бобати беҳбудии шароити зисти мардум сухан меронанд. Ҳукумати кишвар баҳри беҳбудии мардум сол аз сол тадбирҳои фаровон меандешад ва онҳоро дар амал тадбиқ месозад.
Бояд гуфт, ки пайдоиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аслан панҷ давраро фаро мегирад: давраи аввал соли 1929, давраи дуюм соли 1931, давлаи сеюм соли 1937, давраи чорум соли 1978 ва ниҳоят давраи панҷум соли 1994. Таҳияву аз сари нав қабул намудани Конститутсия дар кишвари соҳибистиқлоли мо ба мардум неруву тавони нав бахшид.
Конститутсия тибқи меъёрҳои худ ҳамаи ҳуқуқу озодиҳо ва кафолати таъмини онҳоро барои инсон ва шаҳрванд муқаррар намудааст. Тибқи Конститутсия шаҳрвандон метавонанд озодона дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷои зист интихоб намоянд, ба ҳар гуна фаъолияте, ки қонун манъ накардааст машѓул шаванд ва дигар амалҳои зидди қонун набударо анҷом диҳанд.
Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаётбахши ҷомеа, бахусус, фаъолияти созандагию бунёдкорӣ шароити мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангиро фароҳам оварда, мардуми кишварро ба меҳнати софдилона, дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ раҳсипор менамояд.
Насли имруза, махсусан ҷавононро зарур аст, ки ба қадри тинҷию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ, озодию истиқлоли миллии дар Конститутсия эълонгашта расида, баҳри ободии кишвар ва ҳифзи Истиқлолу якпорчагии он ҳаматарафа талош варзанд.
СУРАЙЁ НИЁЗЗОДА
Судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ