ҲУҶҶАТИ НАҶОТ
«Имрӯз замоне фаро расидааст, ки дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем, аз ин рӯ, бе доштани Конститутсия эҷоди ин гуна давлат номумкин аст»
Эмомалӣ Раҳмон
Вақте сухан дар бораи Конститутсия меравад, мо ҳатман ҳомӣ ва тарроҳи ин номаи бахту саодати миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши рӯ меоварем. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ҷомаи амал пӯшидани орзӯи деринаи миллати тоҷик дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ дар чорчубаи арзишҳои фарҳангӣ буда, маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти мамлакати мо ба амал бароварда шуд.
Дар Конститутсия ҳар як вожа маъниеро аз воқеияти сарнавишти миллати тоҷик дар тули тараққии таърихи тай намудаи он ифода мекунад. Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқии эътибори баланди ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии давлату миллат маҳсуб меёбад.
Инак, бо қабул гардидани Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-сол сипарӣ мешавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, ба ин Қонун 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат мекунад.
Конститутсияи кишвари мо «дастоварди бузурги миллӣ» ба ҳисоб меравад, чунки он дар давраҳои бениҳоят душвору баҳснок ва аз ҷониби мардуми Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.
Эътибори олии ҳуқуқӣ доштан ва мустақиман амал кардани меъёрҳои Конститутсия ва эътибори ҳуқуқӣ надоштани қонунҳою дигар санадҳои ҳуқуқии хилофи он, ҳамчун меъёрҳои асосии таъминкунандаи волоияти Конститутсия муқаррар гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҳокимияти судиро борҳо дар низоми давлатдорӣ баланд арзёбӣ карда, чунин баён доштанд: «Ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бе мавҷудияти низоми дақиқан муайяншудаи мустақил ва беғарази судӣ аз имкон берун аст. Дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ ҳокимияти судии мустақил ва беғараз нақши асосӣ дорад». Ин суханҳо далел аз он медиҳад, ки суд ҳамчун як рукни ҳокимияти мустақил дар пойдории давлат ва ҷомеа нақши муассир дорад.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлоли миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд доданд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».
Бо боварӣ метавон гуфт, ки дастовардҳои бузургтарини кишвари азизи мо пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барқарор кардани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату кӯшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардидааст.
Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони кишварамон анҷом дода шудааст.
Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва хамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд донистан ва сармашқи худ қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифаи инсонии хеш донад.
Аллакай, баъд аз сипарӣ гардидани 29-сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари кишвар, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлоли давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад.
ДИЛОРОМИ РАҲМОНАЛӢ
Судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ