ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — ТАҶАССУМГАРИ АЗАМАТИ ХАЛҚ
«Қадршиносӣ ва гиромӣ доштани Парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ ва Ватани маҳбубамон мебошад, зеро Парчами мо дар замони Истиқлолияти давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯйи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст».
Эмомалӣ РАҲМОН
Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормонҳои мардуманд. Парчамҳо таърихи беш аз 3000-сола доранд. Дар китоби «Авесто» дар бораи парчамҳои Бохтари қадим зикр шудааст. Парчаму дирафш вожаҳои асилу қадимаи тоҷикӣ, байрақ вожаи туркӣ, ливо ва алам вожаҳои арабӣ мебошанд.
Ифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон фаҳмонида мешавад. Бо ин роҳ ифтихори ватандорӣ ва ҳисси миллии онҳо боло бардошта мешавад.
Бояд гуфт, ки 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оѓоз шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон, 23-юми ноябри соли 2010 ба шарафи Парчами давлатӣ моҳияти рангҳои онро чунин маънидод карда буданд: «Рангҳои Парчами миллии мо роҳи тайкардаи таърихии халқи Тоҷикистон, арзиши маданияти миллӣ ва сиёсати онро ифода мекунад. Ранги сурх — рамзи мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед -рамзи хушбахтӣ, орзуву ормон ва умед, ранги сабз — рамзи гул-гулшукуфӣ, ифтихор ва абадиятро ифода мекунад. Дар мобайни байрақ тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шуда, он нишонаи решаҳои таърихии Истиқлолияти Тоҷикистон мебошад».
Бо ташаббус ва иқдоми наҷиби Сарвари кишварамон, Пешвои муаззами миллат ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин Парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, дар пойтахти кишвар бунёд гардид.
Имрӯз, Парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯйи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.
Азаматшо МАҲМУДЗОДА
Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ