ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Рӯзи 24 ноябри соли равон дар Маркази ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парафшонии Парчами давлатӣ шиору овезаҳои таҷассумгари орзуву ормонҳои миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Раҷабзода Ҳотам Назар ширкат варзиданд.

Парчами давлатӣ барои миллати мо таърихи бою рангини чандинҳазорсола дорад. Таърих собит намудааст, ки яке аз аввалинҳо шуда дар ҷаҳон мардуми ориёи парчами давлатиро парафшон намуд.