Марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ бахшида ба рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон
Субҳи имрӯз бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 аз даромадгоҳи шаҳраки Сомониён то майдони назди нимпайкараи устод А.Рӯдакӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва бахшида ба рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон «Марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ» баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ намояндагони сохторҳои қудратӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Ҳикматуллозода Абдуғаффор, Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Раҷабзода Ҳотам Назар, Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Рӯдакӣ ширкат варзидаанд.
Дар анҷоми чорабинӣ ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.