ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ – ТАҲДИД БА СУБОТИ КИШВАР

                                                               

Соҳибистиқлолӣ дар сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқ ва эҷоди аркони давлатдории муосирро фароҳам овард. 

 

Истиқлол нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар комёбиҳои беназир ба даст оварда шавад.

Дар баробари ин, Истиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Мутаассифона, имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароии динию мазҳабӣ бо кирдорҳои ғайриахлоқӣ ва амалҳои номатлуби хеш авзои сиёсии ҷаҳонро ноором гардонида, ҳаёти орому осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9-уми марти соли 2024 зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар қайд карданд, ки: «Бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина, риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда аз нав афзоиш ёфта истодааст».

Маврид ба зикр аст, ки терроризм ва ифротгароӣ дар замони имрӯза зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш — таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае ҳаст, ки ба халалдор кардани соҳибистиқлолӣ, якпорчагии давлат, барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз асли ислом, паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносии миллӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, махсусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва қабул кардани ақидаҳои ғаразноки онҳо мегардад.

Моро зарур аст, ки дар чунин шароит Истиқлоли миллӣ, таъриху фарҳанг ва осоиштагии кишвари азизамонро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯву иртиҷоӣ нигоҳ дорем. Насли ҷавонро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддуни бостонӣ пайваста дар пайи омӯзиш бошанд, худ ва ҷомеаро аз хатарҳои терроризму экстремизм ҳифз намоянд.

Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30-юми майи соли 2024 зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар қайд карданд, ки: «Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гаравидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад». Ҳамзамон, зикр шуд, ки: «Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст». Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аксари ҷавонон аз надоштани саводи кофии диниву дунявӣ ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтода, фирефтаи ақидаҳои ғаразноки онҳо мегарданд ва даст ба ҷиноят мезананд.

Бинобар ин, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва қадр намудани арзишҳои Истиқлоли давлатӣ аз муҳимтарин омили пешгирии шомилшавии ҷавонон ва ҳифзи кишвар аз ин вабои аср дониста мешавад.

Дар шароити имрӯза вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпараст, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аз он иборат аст, ки таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯро, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд. Чунки дар натиҷаи гароиш ё пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарои террористӣ даст ба амалҳои террористӣ зада, ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд, ҳам сабаби ҳалокати ҳазорон нафарони бегуноҳ мегарданд.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз талош варзад. Чӣ тавре ки Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Вақти он расидааст, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм сарҷамъона мубориза барем ва дар кишвар волоияти қонунро таъмин намоем».

Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ

ҲОТАМ НАЗАР