ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ БАХШИДА БА РӮЗИ ИСТИҚОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Имсол мардуми сарбаланди кишвар бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва ваҳдату осоиштагӣ 33-солагии Истиқлоли давлатиро дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд.

Зеро ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳамчун санаи таърихӣ ва муқаддаси расидан ба мустақилияти миллӣ дар миёни дигар иду ҷашнҳои милливу давлатӣ мақоми махсус дошта, ҳамасола дар сатҳи гуногун бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Субҳи имрӯз бо иштироки раиси ноҳияи Рӯдакӣ А. Ҳикматуллозода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, раиси суди ноҳия Раҷабзода Ҳ.Н., мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сокинону фаъолони ноҳия, чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.