Ҷиҳати амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)
Ҳ У К М
АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Суди ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳайати раисикунанда Нурулозода Ш.С., бо котибии Рустамзода Ҷ., бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Кабирзода А., ҳимоятгарон Ғафуров Н. ва Мирзовалиён Ҳ., дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи судии суди ноҳияи Рӯдакӣ 22 апрели соли 2024, парвандаи ҷиноятӣ нисбати М.Қ, дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 314 қисми 1 ва 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда,-
М У А Й Я Н К А Р Д:
М.Қ санаи 08 сентябри соли 2023 ба вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ноҳияи Рӯдакӣ таъин гардида, моҳи сентябри соли 2023 ҳангоми дар муассисаи номбурда ба кор шуруъ намуданаш муайян кардааст, ки дар ҳудуди муассиса дар асоси дархости собиқ директори муассиса ба Раиси ноҳияи Рӯдакӣ, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо шартномаи солона ба маблағи 600 сомонӣ як ҳуҷраи муассиса ба шаҳрванд О,О ба иҷора дода шуда, номбурда бо ҳамроҳии бародараш С,О дар он ба фурӯши маҳсулотҳои конселярӣ ва хӯроки тезтайёр машғул мегардидаанд.
М.Қ. дидаю дониста, ки ҳамчун роҳбари муассиса вобаста ба мавқеи мансабиаш барои ба иҷора додани молу мулки муассиса бо роҳи ба бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мусоидат карда метавонад, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ қасдан ба О,О. иброз намудааст, ки барои ба иҷора додан ҳамчун нуқтаи фурӯши маҳсулотҳои конселярӣ ва хӯроки тезтайёр истифода шудани он мусоидат менамояд ва минбаъд вобаста ба ин масъала пӯштибонӣ менамояд, вале ӯ бояд ҳар моҳ ба ғайр аз маблағи иҷораи давлатӣ барояш маблағи 1000 сомонӣ ба сифати пора диҳад ва эҳтимол аст ин маблағ моҳ ба моҳ аз рӯйи шароити ба миёномада зиёд шавад. О,О. ба ин пешниҳоди М.Қ. розӣ шуда, ба номбурда худи ҳамон рӯз дар утоқи кориаш, воқеъ дар МТМУ №14-и ноҳияи Рӯдакӣ маблағи 500 сомонӣ ба сифати пора додааст.
Баъдан моҳи октябри соли 2023 М.Қ. ба шаҳрванд О,О. иброз намудааст, ки чун ваъдаи кардааш номбурдаро барои истифодаи ин дӯкон пӯштибонӣ менамояд ва барои ин ду адад дари пластикиро барои ҳуҷраҳои муассиса дастрас намояд ва маблағи хариди ин дарҳо ҳамчун пардохт барои моҳҳои оянда ҳисоб карда мешавад. О,О. ба ин пешниҳод розӣ шуда, ду адад дари пластикиро ба маблағи 2500 сомонӣ харидорӣ намуда, онҳоро ба муассисаи мазкур овардааст.
М.Қ. санаи 04 декабри соли 2023 бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ аз О,О. тавассути бародараш О,О. боз маблағи 1000 сомониро барои пӯштибонии номбурда барои истифодаи дӯкон гирифтааст.
Ба ғайр аз ин М.Қ. моҳи январи соли 2024 шаҳрванд О,О.-ро ба утоқи кориаш даъват намуда, аз охирин маблағи 3000 сомонӣ ва як адад телефони мобилӣ бо арзиши 3500 сомонӣ талаб намуда, ваъда додааст, ки номбурда метавонад таҳти пӯштибонӣ ва мусоидаташ ҳамчун директори муассиса то охири соли 2024 дар ин дӯкон фаъолияти соҳибкориро пеш барад.
Баъди ин М.Қ. дар утоқи кориаш аз О,О. санаи 17 январи соли 2024 маблағи 1500 сомонӣ ва санаи 22 январи соли 2024 маблағи 500 сомонӣ ба сифати пора гирифтааст.
Санаи 25 январи соли 2024 соати 15:20 дақиқа М.Қ. дар утоқи кориаш, воқеъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ноҳияи Рӯдакӣ аз О,О. маблағи 1000 сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи “Samsung galaxy A54”-ро гирифтааст. Худи ҳамон рӯз дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ М.Қ. баъди аз шаҳрванд О,О. гирифтани маблағи 1000 сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи “Samsung galaxy A54” дастгир гардида, аз ӯ маблағи пулии 1000 сомонӣ ва телефони мобилӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.
М.Қ. бо ин кирдори қасдонаи худ аз О,О. ва О,О. дар маҷмӯъ маблағи 10500 сомониро ба сифати пора гирифтааст.
Ба ғайр аз ин М.Қ. ҳамчун директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ноҳияи Рӯдакӣ муайян кардааст, ки дар ҳудуди муассисаи номбурда дӯкони фурӯши маҳсулотҳои конселярӣ ва хӯроки тезтайёр дар асоси дархости собиқ директори муассиса ба Раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо шартномаи солона ба маблағи 270 сомонӣ бо шаҳрванд М.Ш. фаъолият намуда истодааст.
М.Қ. ҳамчун шахси мансабдор бо мақсади ғаразнок бо истифодаи ваколати хизматиаш бар хилофи манфиатҳои хизматӣ барои пӯштибонӣ намудан ва мусоидат кардан дар истифодабарии он ҳамчун дӯкони фурӯши молҳои конселярӣ ва хӯроки тезтайёр аз Мирзоев Шамсиддин Қурбонович ҳар моҳ додани маблағи 500 сомониро талаб намудааст. Баъдан М.Қ. санаи 28 сентябри соли 2023 маблағи 500 сомонӣ, моҳи октябри соли 2023 маблағи 500 сомонӣ, моҳи ноябри соли 2023 маблағи 2000 сомонӣ ва моҳи январи соли 2024 маблағи 650 сомонӣ, ҷамъ маблағи 3650 сомониро бо истифодаи ваколати хизматиаш аз М.Ш. дар утоқи кориаш, воқеъ дар МТМУ №14 ноҳияи Рӯдакӣ гирифтааст.
Судшаванда М.Қ. дар маҷлиси судӣ бо айби ба ӯ эълонкардашуда бо моддаҳои 314 қисми 1 ва 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра гунаҳгор дониста, нишондод дод, ки ӯ санаи 08 сентябри соли 2023 ба ҳайси директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Рӯдакӣ таъин гардида, дар ин муассиса ба кор шуруъ кардааст. Дар муассиса ду дӯкон барои фурӯши хӯроки тазтайёр ва маҳсулотҳои конселярӣ мавҷуд буда, дар яке аз онҳо бародарон О,О. ва О,О. ва дар дигараш М.Ш. кору фаъолият мекардаанд. Дар давоми фаъолияташ Раиси ноҳияи Рӯдакӣ ба муассиса ташриф оварда будааст ва ба ӯ гуфтааст, ки дар ин дӯконҳо фурӯши маҳсулотҳои химиявиро манъ намояд. Ӯ ба О,О. ва М.Ш. гуфтааст, ки дар дӯконҳояшон маҳсулотҳои химиявӣ нафурӯшанд ва як муддат ба онҳо иҷозат надодааст, ки дар дӯконашон фаъолият намоянд. Баъдан О,О. ба ӯ гуфтааст, ки барои ободонии муассиса барояш маблағи пулӣ медиҳад ва ба онҳо иҷозат диҳад, ки маҳсулотҳои дар дӯконашон бударо фурӯшанд. Ӯ аз номбурдагон маблағи пулӣ гирифта будааст ва ҳамаи он маблағҳоро барои гулкорӣ ва дигар сохтмонҳои муассиса истифода бурдааст. Ба ғайр аз ин О,О. ду адад дари пластикӣ харидорӣ намуда, ба муассиса овардааст, яктои онро дар дари дӯкони худаш ва дигарашро дар даромадгоҳ насб намудааст. Ӯ аз О,О. ва О,О. бо пешниҳоди худашон барои ободонии муассиса ду се маротиба 500 сомонӣ гирифтааст, лекин ҷамъ чӣ миқдор маблағ гирифтааст намедонистааст. Телефони мобилиаш вайрон шуда будааст, мақсади харидорӣ намуданро доштааст, ки як рӯз С дар утоқи коириаш ба ӯ гуфтааст, ки дӯкони фурӯши телефонҳои мобилӣ доранд, барояш бо нархи арзонтар як адад телефони мобилӣ меоварад. М.Ш. низ дар як дӯкони дигар хӯроки тезтайёр ва маҳсулотҳои конселярӣ мефурӯхтааст. Ӯ М.Ш.-ро ба монанди писари худаш қабул намуда, номбурдаро дастгирӣ мекардааст ва аз ӯ ягон маблағи пулӣ талаб накардаасту нагирифтааст. М.Ш. аз пеши худаш дар моҳи январи соли 2024 ба ӯ маблағи 650 сомонӣ барои ободонии муассиса додааст, ки ин маблағро ӯ ҳамчун зарари ба М.Ш. расонидашуда барои барқарор намуданаш ба кормандони агентии мубориза бо корупсия додааст. Ӯ дар ҳаққи М.Ш. хубиҳои зиёд кардааст ва номбурдаро дар муассиса ҳамчун коргар ба кор қабул намуда, ба маблағи 670 сомонӣ маош медодааст.
Ҳамин тариқ санаи 25 январи соли 2024 Усмонов С ба утоқи кориаш даромада, ба ӯ маблағи 1000 сомонӣ ва як адад телефони мобилӣ додааст. Баъдан С аз телефони ӯ симкортро гирифта, ба телефони мобилии овардааш гузоштааст. Дар ҳамин ҳолат ба утоқи кориаш кормандони агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия даромада, як адад телефони мобилӣ ва маблағи 1000 сомониро, ки онҳоро дар болои мизи кориаш дар ҷойи қаламмонак гузошта будааст гирифтаанд. Ҳамон вақт маблағҳои пулӣ дар ҳузури шахсони холис аз назар гузаронида шудаанд, ки дар онҳо навиштаҷоти пора будааст. Айни замон аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон буда, аз суд хоҳиш намуд, ки пушаймон гардиданаш, зан буданаш ва фарзанди ноболиғ доштанашро ба инобат гирифта, нисбаташ ҷазои ҷаримаи сабуктар, таъин карда шавад.
Ҷабрдида М.Ш. дар маҷлиси судӣ чунин қайд кард, ки моҳи сентябри соли 2023 судшаванда М.Қ. ҳамчун директори МТМУ №14 ноҳияи Рӯдакӣ таъин гардида, ба кор шуруъ кардааст. Ӯ дар ин муассиса дар як дӯкон ба фурӯши хӯроки тезтайёр ва маводҳои конселярӣ машғул буда, дар ин дӯкон дар асоси шартномаи иҷораи давлатӣ кор карда, дар як сол маблағи 270 сомонӣ пардохт мекардааст. Баъдан М.Қ. ба ӯ гуфтааст, ки барояш ҳар моҳ маблағи 500 сомонӣ оварда диҳад, ӯ розӣ шудааст. Ӯ моҳҳои сентябр ва октябр ба М.Қ. ба маблағи 500 сомонӣ, ҷамъ 1000 сомонӣ додааст. Баъдан ӯро дар муассиса ба ҳайси усто ё ронанда ба кор қабул кардаанд ва ҳар моҳ ба ӯ маблағи 670 сомонӣ маош медодаанд ва ӯ М.Қ.-ро ҳар рӯз аз муассиса ба хонааш ва аз хонааш ба муассиса бо воситаи нақлиёти шахсиаш меовардааст ва он маблағи 670 сомониро дар сӯзишворӣ барои воситаи нақлиёт сарф мекардааст. Ӯ дар муддати се моҳ 670 сомонӣ маош гирифтааст. Охирон маротиба моҳи январи соли 2024 барои ҳақи дар дӯкон кор кардан ба М.Қ. маблағи 650 сомонӣ додааст ва баъди дастгир шуданаш М ин маблағро ба кормандони агентӣ ҳамчун барои барқарор намудани зарар баргардонида додааст. Айни замон ӯ нисбати судшаванда М.Қ. ягон даъво надорад, зарари ба ӯ расонидашуда аз тарафи М.Қ. пурра барқарор карда шудааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати судшаванда М.Қ. ягон ҷазои субук таъин карда шавад.
Шоҳид О,О. дар маҷлиси судӣ чунин қайд намуд, ки ҳамаи он нишондодҳои дар рафти тафтишоти пешакӣ додаашро ба пуррагӣ тасдиқ менамояд. Ӯ ва бародараш О,О. дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ноҳияи Рӯдакӣ дар дӯкони фурӯши маҳсулотҳои конселярӣ ва хӯроки тезтайёр дар асоси шартномаи иҷора кор мекардаанд. Моҳи сентябри соли 2023 судшаванда М.Қ. дар муассисаи мазкур ба ҳайси директор таъин гардидааст. Баъдан М.Қ. бародараш О,О.-ро ба утоқи кориаш даъват карда гуфтааст, ки барои истифодабарии дӯконашон ба ӯ ҳар моҳ маблағи пулӣ ба миқдори 700 сомонӣ диҳад, ки ба ин пешниҳод бародараш розӣ нашуда, ба маблағи 500 сомонӣ розӣ шудааст ва барои моҳи сентябри соли 2023 ба М.Қ. маблағи 500 сомонӣ додааст. Баъдан дар моҳи октябри соли 2023 бо супориши М.Қ. бародараш О,О. ба маблағи 2500 сомонӣ ду адад дари пластикӣ харидорӣ намуда, ба муаасиса овардааст, ки яктояшро дар даромадгоҳи дӯконашон насб кардаанд ва як адади дигарашро ба посбони муассиса додааст. Баъдан М.Қ. бародараш О,О.-ро ба наздаш даъват намуда, бе ягон асос гапҳои пасту баланд гуфтааст ва ба онҳо иҷозати кушодани дӯконашонро надодааст, ки дӯконашон як муддат кор накардааст. Баъдан маслиҳат кардаанд ва ҳар моҳ ба маблағи 1000 сомонӣ ба М.Қ. медиҳанду дар дӯкон кор мекунанд, аммо М М. мегуфтааст, ки ягон гуна шартнома набанданд. Инчунин М.Қ. аз ӯ телефони мобилӣ талаб намудааст. Баъдан ӯ бо ариза ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст.
Баъдан санаи 25 январи соли 2024 ба утоқи кории М.Қ. даромада, ба ӯ маблағи 1000 сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи “Samsung galaxy A54” додааст ва кормандони корупсия номбурдаро дастгир намуданд. Айни замон дар асоси шартномаи иҷора дар дӯкони фурӯши маҳсулотҳои консилярӣ ва хӯроки тезтайёр дар МТМУ №14 кор кардаистодааст.
Гунаҳгории судшаванда М.Қ. дар содир намудани ҷинояти мазкур ба ғайр аз худиқрориаш, инчунин бо протоколи кофкукови шахсӣ, протоколҳои пурсиши шоҳидон, протоколи рӯбарӯкунии гумонбаршуда бо шоҳид, баёнотҳои шоҳидон, протоколи пурсиши иловагии гумонбаршуда М.Қ., протоколи рӯбарӯкунии М.Ш. ва М.Қ., протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса бо суратлавҳаҳо, қарори далели шайъӣ эътироф намудан, протоколи пурсиши айбдоршаванда М.Қ. ва бо далелҳои дигари дар парвандаи ҷиноятӣ ҷамъовардашуда, тасдиқи пурраи худро ёфтааст.
Аз ин рӯ суд маҷмӯи далелҳои дар маҷлиси судӣ тасдиқшударо ба асос гирифта, кирдори судшаванда М.Қ.-ро бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз ҷониби шахси мансабдор истифода намудани ваколатҳои хизматии худ бархилофи манфиатҳои хизматӣ, агар ин кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) бо ғараз содир шуда, ба таври ҷиддӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро поймол карда бошад ва бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз ҷониби шахси мансабдор шахсан гирифтани пора дар намуди пул, барои иҷро кардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор дохил бошанд ё онҳо вобаста ба қудрати мавқеи мансабиашон ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонанд, ҳамчунин барои пуштибонӣ, банду баст менамояд.
Ҳангоми интихоб ва таъини намуди ҷазо суд талаботи моддаи 60 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳукми судӣ” аз 24 декабри соли 2010-ро ба роҳбарӣ гирифта, принсипи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хафнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазои судшавандаро сабук ва вазнин мекунанд, ба инобат мегирад.
Мувофиқи талаботи моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ба ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо нисбати судшаванда М.Қ. бори аввал ҷиноят содир намуданаш, ба гуноҳаш пурра иқрор буданаш, пушаймонӣ изҳор намудан аз кирдори содирнамудааш ва дар таъминоташ як фарзанди ноболиғ доштанашро ба назар мегирад.
Мувофиқи талаботи моддаи 62 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолате, ки ҷазоро нисбати судшаванда М.Қ. вазнин мекунад, ин қасдан содир намудани ҷиноят мебошад.
Тибқи талаботи моддаи 8 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо ва чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноӣ, ки нисбати шахси ҷиноятсодирнамуда татбиқ мешавад, бояд одилона бошад, яъне ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят, ҳолатҳои содир намудани он ва шахсияти гунаҳгор мувофиқ бошанд.
Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 46 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав татбиқ мешавад.
Санксияи қисми 1 моддаи 314 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ё маҳрум сохтан аз озодӣ, пешбинӣ менамояд.
Санксияи моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, пешбинӣ менамояд.
Ҳангоми таъини ҷазо суд шахсияти судшаванда М.Қ.-ро, ки бори аввал ҷиноят содир намудааст, ба гуноҳаш пурра иқрор мебошад, аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон гардидааст, зан мебошад, собиқаи кории зиёди омӯзгорӣ дорад, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштааст, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст, ҳамчун ҳолатҳои мустасно ба инобат гирифта, ба мақсад мувофиқ медонад, ки ба судшаванда М.Қ. бо дастрасии моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима камтар аз санксияи моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, инчунин дар доираи санксияи моддаи 314 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима таъин намояд.
Мувофиқи талаботи банди 31 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №11, аз 19 декабри соли 2008 “Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба гирифтан, додани пора ва ришвадиҳии тиҷоратӣ (бо тағйиру иловаҳо бо Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2019, таҳти №3). Ба судҳо зарур аст, нисбати шахсе, ки дар гирифтани пора ва ришвадиҳии тиҷоратӣ маҳкум шудаанд, масъалаи татбиқ намудани чораҳои ҷазои иловагиро дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайянро, ки дар моддаҳои 279 ва 319 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, муҳокима намоянд.
Суд масъалаи таъини ҷазои иловагиро муҳокима намуда, лозим медонад, ки нисбати судшаванда М.Қ. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои иловагӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар соҳаи маориф таъин намояд. Чунки судшаванда М.Қ. ҳангоми дар вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 кору фаъолият намуданаш ба чунин ҷиноят даст задааст.
Суд тибқи талаботи моддаи 78 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи далелҳои шайъиро мавриди муҳокима қарор дод.
Мувофиқи талаботи бандҳои 28 ва 29 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №11, аз 19 декабри соли 2008 “Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба гирифтан, додани пора ва ришвадиҳии тиҷоратӣ (бо тағйиру иловаҳо бо Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2019, таҳти №3). Маблағи пулӣ ва дигар ашёҳои қиматдори ёфта гирифташуда, ки предмети пора ё ришвадиҳии тиҷоратӣ мебошанд ва далелҳои шайъӣ эътироф гардидаанд, дар асоси муқаррароти КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бо роҳи ҷиноят ба дастовардашуда, ба фоидаи давлат гузаронида мешаванд. Аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани порадиҳанда ё шахсе, ки ришвадиҳии тиҷоратиро анҷом додааст, бо асосҳои ихтиёран дар бораи содир шудани ҷиноят хабар расонидан, маънои дар ҳаракатҳои шахсони мазкур мавҷуд набудани таркиби ҷиноятро надорад. Аз ин рӯ, онҳо ҷабрдида эътироф карда намешаванд ва барои баргардонидани ашёҳои қиматдори ба сифати пора ё предмети ришвадиҳии тиҷоратӣ додашуда ҳуқуқи талабгор шудан надоранд ва ин ашёҳо ба онҳо баргардонида намешаванд.
Аз ин рӯ суд бо ба инобат гирифтани ин муқаррарот ба фоидаи давлат мусодира намудани маблағи пулии 1000 сомонӣ, иборат аз панҷ адад купюраҳои 200 сомона ва як адад телефони мобилии тамғаи “Samsung galaxy A54”-ро, ки М.Қ. бо роҳи ҷиноят аз О,О. ба даст овардааст, ба мақсад мувофиқ донист. Инчунин ду адад дари пластикӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ноҳияи Рӯдакӣ насб гардидаанд, суд дар ҳамон муассиса мононданашонро лозим медонад.
Далелҳои шайъӣ як адад фиттаи DVD-R, хокаи махсуси кимиёвӣ, пахтапорраҳо, ки дар қабати парванда мавҷуд мебошад, суд ба парванда ҳамроҳ намуданашон ва маблағи пулии 650 сомонӣ, ки ҳамчун зарари ба М.Ш. расонидашуда аз тарафи М.Қ. ихтиёран баргардонида шудаанд ва бо санад қабул гардидаанд ба М.Ш. баргардониданашро ба мақсад мувофиқ донист.
Бо дастрасии моддаҳои 332, 333-336, 338, 339, 341, 342-344, 347 ва 348 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд,-
Ҳ У К М К А Р Д :
М.Қ дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 314 қисми 1 ва 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад.
Ба М.Қ бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 300 (сесад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 21600 (бисту як ҳазору шашсад) сомонӣ ба фоидаи давлат,-
-бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1500 (як ҳазору панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 108000 (як саду ҳашт ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар соҳаи маориф ба муҳлати як сол,-
Бо дастрасии моддаи 67 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъиншуда ҷазои ниҳоӣ ба М.Қ дар намуди ҷарима ба андозаи 1600 (як ҳазору шашсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 115200 (як саду понздаҳ ҳазору дусад) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар соҳаи маориф ба муҳлати як сол, таъин карда шавад.
Чораи пешгирӣ нисбати М.Қ дар намуди забонхат дар бораи нарафтан аз маҳалли истиқомат, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм, бекор карда шавад.
Далелҳои шайъӣ як адад фиттаи DVD-R ва хокаи махсуси кимиёвӣ дар лифофаи №1, пахтапорраҳо дар лифофаҳои №3 ва №4, ба парванда ҳамроҳ карда шаванд.
Далелҳои шайъӣ ду адад дари пластикӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ноҳияи Рӯдакӣ насб карда шудаанд, дар муассисаи мазкур мононда шаванд.
Далелҳои шайъӣ маблағи пулии 1000 сомонӣ, иборат аз панҷ адад купюраҳои 200 сомона ва як адад телефони мобилии тамғаи “Samsung galaxy A54”, баъди эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукм ба фоидаи давлат, мусодира карда шаванд.
Далелҳои шайъӣ маблағи пулии 650 сомонӣ, иборат аз 13 адад купюраҳои 50 сомона, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд, ба М.Ш., баргардонида дода шаванд.
Нисбат ба ҳукм тарафҳо метавонанд дар муҳлати даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи эълони он, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамин суд, шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ оваранд.
РАИСИКУНАНДА имзо НУРУЛОЗОДА Ш.С.
Суди ноҳияи Рӯдакӣ 