Таъинот дар бораи ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда

Т А Ъ И Н О Т

21 апрели соли 2025                                                              ноҳияи Рӯдакӣ

 

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Зиёзода Ҳ. А., маводҳои парвандаи оилавӣ бо даъвои Шамсов Сунатулло Ризоевич бо ҷавобгарии Ибодат Маъмурзода дар бораи бекор кардани ақди никоҳро омӯхта,-

 

М У А Й Я Н   К А Р Д:

 

Шамсов С.Р. бо аризаи даъвогии дар боло зикр ба суд муроҷиат намуда, онро чунин асоснок кардааст, ки ӯ бо ҷавобгар Ибодат М., моҳи октябри соли 2015 оила барпо намуда, ақди никоҳашонро 08 апрели соли 2016, дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти №79 баррасмият даровардаанд.

Аз зиндагонии якҷояашон соҳиби ду фарзанд Шамсова Марямбону Сунатуллоевна соли таваллудаш 03 ноябри 2016 ва Шамсов Абубакр Сунатуллоевич соли таваллудаш 27 марти 2018 гардидаанд.

Дар аввал муносибатҳои оилавиашон хуб буда, баъдан нофаҳмиҳои оилавӣ ба миён омада, боиси қатъ гардидани муносибати оилавиашон гардидааст. Ӯ дигар хоҳиши бо ҷавобгар зиндагонӣ карданро надошта, муносибати оилавиашон воқеъан пароканда шуда, бақарор кардани он ғайримкон аст. Бинобар ин ӯ маҷбур шудааст, ки ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд.

Аз суд хоҳиш намудааст, ки ақди никоҳи байни ӯ ва ҷавобгар Ибодат М., ки 08 апрели соли 2016 дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти №79 ба қайд гирифта шудааст, бе додани муҳлати оштишавӣ, бекор карда шавад.

Мактуби даъватии судӣ таҳти №343/25 аз 04 марти соли 2025, ба воситаи почтаи давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, ба суроғаи ҷавобгар Ибодат М. ирсол карда шуда, ҷавобгар ба рӯзи 07-уми апрели соли 2025, даъват карда шудааст, аммо бо сабабҳои ба суд номаълум ҷавобгар ба суд ҳозир нашудааст.

Аз тарафи суд барои муқаррар кардани ҷойи зисти ҷавобгар Ибодат М., чораҳо андешида шудааст. Бинобар дарёфт накардани ӯ дар ҷойи истиқоматаш баррасии парвандаи мазкур таъмин карда нашуда истодааст.

Мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 121 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми номаълум будани маҳалли воқеъии истиқомати ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарнома ё даъватномаи судӣ, оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ қабул мекунад.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, яъне номаълум будани маҳалли воқеъии истиқомати ҷавобгар Ибодат М., судя ошкоро супоридани аризаи даъвогӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда бо даъватномаи судиро ба ҷавобгар мувофиқи мақсад донист.

Бо дастрасии моддаҳои 121, 229-230 Кодекси мурофиаи мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя,-

 

Т А Ъ И Н  К А Р Д:

 

Доир ба парвандаи оилавӣ бо даъвои Шамсов Сунатулло Ризоевич бо ҷавобгарии Ибодат Маъмурзода дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, супоридани аризаи даъвогӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда бо даъватномаи судӣ ба ҷавобгар Ибодат Маъмурзода, ошкоро эълон карда шавад.

Нусхаи таъинот аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷойи эълонҳои судӣ насб ва дар сомонаи суд ҷойгир карда шавад.

Аризаи даъвогӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда бо даъватномаи судӣ пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷойи эълонҳои судӣ насб ва дар сомонаи суд ҷойгир кардани нусхаи таъинот ба ҷавобгар Ибодат Маъмурзода ошкоро супоридашуда эътироф карда шавад.

Баъд аз гузаштани як моҳ, парвандаи мазкур дар ғоибии ҷавобгар Ибодат М. бо тартиби мурофиаи ғоибона баррасӣ карда шавад.

Баррасии парвандаи оилавии мазкур муддати як моҳ мавқуф гузошта шавад.

 

Судяи суди

ноҳияи Рӯдакӣ                                                                   Зиёзода Ҳ.А.