ТАҶЛИЛИ 80-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Субҳи имрӯз, дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Рӯдакӣ А.Ҳикматуллозода, раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Ҳотам Назар ва дигар роҳбарони сохторҳои мақомоти қудратӣ, ширкат варзиданд.

Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо раиси суди ноҳия ва роҳбарияти сохторҳои мақомоти қудратӣ бо рамзи эҳтиром ба хотираи гузаштагон дар назди муҷассамаи «Сарбози номаълум» гулчанбар гузошта, бо иҷрои дақиқаи хомӯшӣ дар назди рамзи оташи абадӣ ёди қаҳрамонони ҷангро гиромӣ доштанд.

Зимни суханронӣ раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ҳозиринро ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба шодбош гуфта, аз қаҳрамонӣ ва корнамоиҳои бузурги падарон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдоварӣ кард. Таъкид гардид, ки дар қатори ҳазорҳо аскарону афсарони Иттиҳоди Шуравӣ, ҳамватанони мо низ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо амри дил яроқ ба даст гирифта, ба ҷанг рафтанд. Хоки Ватанро озод ва бо сари баланду зафармандӣ истилогарони немисро дар лонаи худ саркӯб намуданд.

Дар ин ҷанги хонумонсӯз аз ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 8 ҳазор нафар ҷавонмардон иштирок доштанд, ки аз ин шумора 3919 нафар дар набардҳо қаҳрамонона ҳалок гардиданд. Ташкилотчиёни фронти ақибгоҳ аз ноҳияи мо низ баҳри таъмини ғалаба мардонавор меҳнат мекарданд. Аз ноҳия ба фронт озуқа, сару либоси гарм ва лавозимоти ҷанг мефиристоданд. Ин меҳнату ҷонбозиҳо буд, ки ғалаба бар душман ба даст омад. Пасон, солҳои барқарорсозии баъдиҷангӣ натиҷаи матонату кордонӣ ва заҳмату меҳнати мардуми заҳматқарини тоҷик ва қавму халқиятҳои гуногуни он буд, ки диёру мулк ободу зебо гашт. Собиқадорон тарғибу талқини ғояҳои истиқлол, сулҳу амният, тинҷию осудагӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллатро мароми худ қарор дода, ба созандагию бунёдкорӣ ба хотири ободии ватан, оромии сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, нигоҳдорӣ ва афзуни мероси таърихиву арзишҳои фарҳангӣ, мусоидат менамояд.