ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи судии суди ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд иштирок намуданд.

Дар оғози маҷлис раиси суд Раҷабзода Ҳ.Н. иштирокчиёнро бо фарорасии 34- солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, дар бораи моҳияти Истиқлолият ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуда, қайд кардаанд, ки Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар давоми даҳ асри гузашта буда, маҳз ба шарофати истиқлолият Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Истиқлолият нишонаи озодӣ, ҳувият, рамзи соҳибдавлатӣ, ватандорӣ, саодат, ифтихору номус ва шарти пойдории миллати бузургамон мебошад, ки тақдирашро бо дасти хеш навишта, низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян намудааст.

Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он фаъолияти мақомоти олии қонунгузор, иҷроия ва судии мамлакат таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шаванд.

Маҳз дар ҳамин давра Тоҷикистон ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки асоси давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ва халқу миллатҳои мутамаддин ҳисоб меёбад, шурӯъ намуда, рушду такомули он ва дар ин замина таъмин намудани фаъолияти озодонаи ҳизбу созмонҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуданд.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи кишвар имрӯз Тоҷикистон соҳиби ҳокимияти судӣ мустақил, ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ шуда, ба инкишофу таҳкими институтҳои демократӣ, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ноил гардид.

Дар моддаи 9-и Конститутсия ҳокимияти судӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, дар боби 8-и он вазифа, мақсад, принсипҳои фаъолият, талаботҳо оид ба таъин ва интихоби судяҳо низоми судӣ мушаххас гардонида шуда, адолати судӣ омили муҳими таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳо маънидод шуд.

Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ дар мавзӯъҳои «Истиқлолият», маърӯзаҳо намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба муносибати 34-солагии «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои фаъолияти софдилонаи меҳнатӣ кормандони дастгоҳ, мушовири суд, тарҷумони суд, котиби суд, котиби маҷлиси судӣ ва корманди бойгонии суд бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Возможно, это изображение 8 человек и текст

Возможно, это изображение 10 человек и текст

Возможно, это изображение 11 человек и текстВозможно, это изображение 3 человека, люди учатся и текстВозможно, это изображение 3 человека, помост, больница и текстВозможно, это изображение 1 человек, Овальный кабинет и текст

Возможно, это изображение 2 человека