ТАЪИНОТ оид ба ошкоро супоридани даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда

ТАЪИНОТ

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Зиёзода Х.А, рӯзи 08 августи соли 2025 парвандаи оилавӣ аз рӯи аризаи даъвогии Бобоева Дилноза Хайруллоевна бо ҷавобгарии Бобоев Шодмон Файзуллоевич дар бораи бекор кардани ақди никоҳро омӯхта,-

МУАЙЯН КАРД

         Бобоева Дилноза Хайруллоевна бо даъвои зикршуда ба суд муроҷиат намуда, онро чунин асоснок кардааст, ки ӯ бо ҷавобгар Бобоев Ш.Ф. оила барпо намуда, ақди никоҳашонро санаи 01 ноябри соли 2014 дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе тахти №4757 ба қайд гирифта, аз зиндагии якҷояашон соҳиби се фарзанд гардидаанд. Аз рӯзҳои аввали зиндаги муносибатҳои оилавиашон хуб буда, тули зиндагии якҷоя байнашон нофаҳмиҳо пайдо шуда, дар ин замина байнашон ҷангу ҷанҷолҳо ба вуҷуд омада, оқибат аз ҳамдигар ҷудо шудаанд. Бо ҳамин асосҳо аз суд хоҳиш намудааст, ки ақди никоҳи байни ӯ Бобоева Д.Х. ва ҷавобгар Бобоев Ш.Ф. ки 01 ноябри соли 2014 дар Хонаи ақди никоҳи шахри Душанбе таҳти №4757 ба қайд гирифта шудааст, бе додани муҳлати оштишавй бекор карда шавад.

Аз тарафи суд барои муқаррар кардани ҷои зисти ҷавобгар чораҳо андешида шуда, бинобар дарёфт накардани ӯ дар ҷои истиқоматаш баррасии парвандаи мазкур таъмин карда нашуда истодааст.

Тибқи мактуби раиси маҳаллаи Истиқлол-1, Ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода ноҳияи Рудакӣ бармеояд, ки ҷавобгар Бобоев Ш.Ф., айни замон берун аз ҳудуди Ҷумхурии Тоҷикистон қарор дорад.

Мувофиқи талаботи қисми 1 модлаи 121 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарнома ё даъвати судӣ, ки қабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзилӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллии ҷойи охирини истиқомати ҷавобгар ё маъмурияти ҷойи кори охирини маълуми ҷавобгар тасдиқ намудаанд, оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ қабул мекунад.

Суд бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида ба хулоса омад, ки бинобар номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар Бобоев Ш.Ф., ба ошкоро супоридани хабарнома ва даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъинот қабул намояд.

Бо дастрасии моллахои 121, 229-230 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд,-

ТАЪИН КАРД:

Аз рӯи парвандаи оилавӣ бо даъвои Бобоева Дилноза Хайруллоевна нисбати Бобоев Шодмон Файзуллоевич дар бораи бекор кардани ақди никоҳ супоридани хабарнома ё даъватномаи судӣ ҳуҷҷатҳои замимашуда бо аризаи даъвогӣ ба ҷавобгар Бобоев Ш.Ф., ошкоро эълон карда шавад.

Нусхаи таъинот аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда шавад.

Бо гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда шудани таъинот ошкоро супоридани хабарнома ва даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда дар ҳолати ба суд ҳозир нашудани ҷавобгар ба ҷавобгар Бобоев Ш.Ф,, ошкоро супоридашуда эътироф карда шавад.

Баъд аз гузаштани як моҳ аз аз рӯзи дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда шудани таъинот дар бораи ошкоро супоридани хабарнома ва ё даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда ба ҷавобгар Бобоев Ш.Ф. ва дар сурати ҳозир нашудани ҷавобгар парвандаи оилавӣ дар ғоибии ӯ баррасӣ карда шавад.

Баррасии парвандаи оилавии мазкур ба муддати як моҳ мавқуф гузошта шавад.

Судяи суди

ноҳияи Рӯдакӣ                                  имзо                                                   Зиёзода Ҳ.А.