Эмомалӣ Раҳмон-таҳкимбахши Истиқлолият ва пешвои ваҳдатофар
Миллати тамаддунофари тоҷик дар арсаи таърих марҳилаҳои сарнавиштсоз, пур печутоб ва шикасту бархостанҳоро пушти сар карда баъд аз ҳазорсолаҳои бедавлатӣ хушбахтона 34 сол мешавад, ки дубора соҳиби кишвардорӣ гардид ва бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи кишварҳои ҷаҳонӣ худро сабти ном намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки поёнёбии асри 21 аниқтараш санаи 9 сентябри соли 1991 барои миллати тоҷик муҳимтарин руйдоди таърихӣ ба шумор меравад. Зеро бо пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои узви ин иттиҳод расман соҳибдавлатию соҳибихтиёрии худро эълон намуд. Бадаст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми шарифи кишвар ҳадяи таърих ва талошу муборизаҳои садсоҳои абармардонаш маҳсуб меёбад. Аммо ин хушиву нишот барои миллати тоҷик ва Тоҷикистони тозаистиқлол дер давом накард ва душманонаш ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро басараш бор намуданд. Алангаи ҷанги шаҳрвандӣ пойяҳои сохти давлату давлатдориро фалаҷ гардонида, зарару зиёнҳои азими молиб ҷонӣ ва маънавиро ба миён овард. Ҳарлаҳза кишварро нестшавӣ таҳдид мекард. Дар ин лаҳзаҳои мураккаби таърихӣ барои миллати тоҷик нафаре нозим буд, ки худро фидо созаду мардумро сарҷамъ. Хушбахтона бо тулуъи хуршедӣ ақлу хиради азалии мардуми кишвар боло гардида, дар фикри таъмини сулҳу суботти пойдори кишвар гардиданд.
Маҳз бо баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Пешвои милллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шурои Олӣ, заминаҳои дастёбии сулҳ ба миён омада, сарвари давлат бо савганди садоққат ба халқу ватан изҳор дошт, ки “Ман ҳастиямро барои миллату давлатам мебахшам ва барои бадаст овардани ваҳдати миллӣ агар лозим ояд ҷони худро дареғ намедонам. То охирин гурезае, ки ба ватан барнагардад худамро орому осуда ҳис намекунам. Ҷонибдори давлати демократию ҳуқуқбунёд ҳастам ва барои бадаст овардани Ваҳдати миллӣ мақсадҳои созандаи худро равона месозем”.
Ҳамин азму талошҳо ва фидокориҳои наҷотбахши миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тамоми вакилони ҳамонвақтаи Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳҳои даргир ҷамъ намуда, бо бусидани Парчам барои бадаст омаднаи сулҳ паймони дустиву бародарӣ бастанд. Пас аз ин марҳила Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокираҳоро бо мухолифин оғоз намуд ва бо баргузори 8 давраи музокира ниҳоятан 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ба имзо расида ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмин гардид.
Воқеан, нақши шахсиятҳои давлатсозу давлатмеҳвар дар симои воқеии абармарди таърих, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи дубора ва соҳибӣ кардани давлатӣ миллӣ бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол хело зиёд аст.
Зеро ба такиди коршиносон ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳони ва ҳар фарди худогоҳи Ватан дар марҳилаи нави давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва эҳёи давлати миллӣ нақш, мақом ва манзалати фарзанди халқ, фидокору матинирода, ростқавлу сарсупурда ва заҳматпешаву худогоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихӣ дорад, чун саҳми беназири Пешвои миллат дар эҳё ва ташаккули дубораи давлатдорӣ ва давлатсозӣ, таҳкими истиқлоли сиёсӣ, эҳёи расму оинҳо ва анъанаҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба рукнҳои давлатдорӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва гузашта аз ҳама таҳкими ваҳдати миллӣ ҳақиқати бебаҳс аст.
Ибораҳои таърихии ибрознамудаи Сарвари тоҷикони ҷаҳон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман ба Шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ лозим шавад, ҷон медиҳам», «…кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард», ки аз умқи қалби бомуҳаббати як фарзанди огоҳ фаввора зада ба забон оварда шуд аз тифли гаҳвора то пири хирадро тавону қуввати тоза бахшид ва барои анҷом додани рисолати давлатсозӣ замина гузошт. Дар ин ибороти софу сода, ки дар фазои ғуборолуди яъсу ноумедиҳо бо ихлосу мухаббат, бо имону эътиқод садо дод, як чаҳон маънӣ ва калиди кушоиши ҳама уқдаву мушкилот нуҳуфта буд. Гардиши айём, ки фарҳанги сулҳ дар ниҳоди маънавӣ, ҷаҳоншиносӣ ва иродати ахлоқиву инсонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асли зиндагисозе аст, ки дар рисолат ва сиёсати давлатдории ӯ мувозинату оромишро дар вуҷуди ҳар инсон, дар ҳастии ҷамъият ва дар муносиботу муомилот бо қавму миллатҳои дигар меҳвари ҳама пирузиҳо ва пиндорҳои нек ба шумор меравад.
Ин гуна ниятҳои нек бо гузашти 34 соли таърихи навини давлатдории тоҷикон исботи худро ёфтааст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қавлу нияти неки худ содиқ мебошанд. Халқи Тоҷикистон, алалхусус, ҷавонону наврасон ҳамеша заҳматҳои беназир, шабзиндадориҳо ба хотири эҳёи давлатдорӣ, талошҳо барои таҳкими сулҳу субот ва амнияти ҷомеа, обрӯ ва манзалати бештар пайдо кардани Ватани азиз дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, ки аз рисолати азалии Пешвои муаззами миллат маншаъ гирифтааст, пос медоранд ва онро дар қалбашон ҳамеша бо муҳаббати ватандорӣ мепарваранд.
34сол аст, ки Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи истиқлолияти давлатӣ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистаги роҳ, мепаймояд. Зуҳури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз вуҷуди ин мардум ва ин марзу бум берун омад ва ҷумлаи фазилатҳояшро, ки қаблан ёд кардем, дар вусъати ҳадафҳои олии миллӣ ангезиш дод ва қудрати амал ато намуд.
Бо ҳидояти хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба масъалаи арзишҳои аслии башарӣ ва бо ҳадафи демократисозии ҷомеа ва бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари хеш асос гузошт.
Метавон гуфт, ки ин абармарди таърих дар шахсияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давраи бунёдкорию созандагӣ равона намуда, волоияти қонун ва субботи комили сиёсиро дар кишвар таъмин намуд. Инаст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари демократию ҳуқуқбунёд, ташаббускориҳаллӣ масалаҳои ҷаҳонӣ шинохта шуда, бо афзалият додани соҳаҳои саноату энергетика, амнияти озуқаворӣ, комуникатсия, таҳкимбахшии илму маориф ва рӯ овардан ба иқтисоди сабз ба ҳадафҳои рушди устувори худ ноил мегардад.
Исмоил МУМИНЗОДА
Муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ
Суди ноҳияи Рӯдакӣ 