Вохӯрии навбати Судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ бо сокинон ва раисони маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ
Вохӯрии навбати Судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ бо сокинон ва раисони маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”
Дар вохӯри муовини Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Муминзода Исмоил оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
Судя Шоҳусайнзода Хуршед вобаста ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025),-
Судя Раҳмонзода Афзалшо дар мавзӯъи хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм, эктремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва психотропӣ, савдои одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб баромад намуда, дар охир ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд.


Суди ноҳияи Рӯдакӣ 