ТАЪИНОТ оид ба ошкоро супоридани даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда
ТАЪИНОТ
оид ба ошкоро супоридани даъватномаи
судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда
01 октябри соли 2025 ноҳияи Рӯдакї
Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Иброҳимзода Б.А., парвандаи оилавї бо даъвои Юсупова Дилрабо Нуралиевна нисбати Алиев Рустам Холмуминович дар бораи бекор кардани ақди никоҳро баррасӣ намуда,-
МУАЙЯН КАРД:
Юсупова Д.Н. дар бораи бекор кардани акди никоҳ бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намуда, аз суд ќонеъ намудани онро пурсидааст.
Тавре аз аризаи даъвогї бармеояд, ҷавобгар Алиев Р.Х. дар ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, деҳаи Оби Шифо зиндагонӣ менамояд.
Суд барои ҷалб намудани ҷавобгар Алиев Р.Х. баррасии парванда чораҳо андешида, ба суроғаи ӯ даъватномаи судї фиристонид. Тавре маълум гардид, ҷавобгар гарчанде, ки бо суроғаи боло ёдрасшуда айни ҳол дар ин манзил истиқомат накарда, дар суроғаи номаълум қарор доштааст.
Тибқи талаботи қисми 1 модлаи 121 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарнома ё даъвати судӣ, ки қабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзилӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллии ҷойи охирини истиқомати ҷавобгар ё маъмурияти ҷойи кори охирини маълуми ҷавобгар тасдиқ намудаанд, оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ қабул мекунад.
Суд бо назардошти ҳолатҳои боло овардашуда, қабул намудани таъинот дар хусуси ошкоро супоридани хабарнома, даъвати судӣ ва инчунин ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда, ҳамзамон мавқуфгузории баррасии парвандаро то санаи 19 сентябри соли 2025 мувофиқи мақсад донист.
Ҷавобгар Алиев Рустам Холмуминович вобаста ба ҳамин парванда, метавонад ҳамагуна далелҳои эътимодноки мавҷударо ба суд пешниҳод намояд.
Ҷавобгар Алиев Рустам Холмуминович ошкоро ба суди ноҳияи Рӯдакӣ дар санаи 15 октябри соли 2025 ба сифати ҷавобгар оид ба парвандаи оилавӣ бо даъвои Юсупова Д.Н. дар бораи бекор кардани акди никоҳ даъват карда шавад.
Бо дастрасии моддаҳои 121, 229 ва 230 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя,-
ТАЪИН КАРД:
Ба ҷавобгар Алиев Рустам Холмуминович супоридани даъвати судӣ бо ҳуҷҷатҳои замимашуда оид ба парвандаи оилавӣ бо даъвои Юсупова Дилрабо Нуралиевна дар бораи бекор кардани акди никоҳ, ошкоро эълон карда шавад.
Ба даъватномаи судӣ ҳуҷҷатҳои зерин; нусхаи аризаи даъвогӣ, нусхаи шиносномаи даъвогар, маълумотнома аз ҷойи зисти даъвогар, нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ ва даъватномаи судӣ замима карда шаванд.
Нусхаи таъинот аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷойи эълонҳои судӣ насб карда шуда, пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи насб шуданаш ба ҷавобгар Алиев Рустам Холмуминович ошкоро супоридашуда эътироф гардад.
Дар сурати баъд аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷойи эълонҳои судӣ насб карда шудани таъинот дар бораи ошкоро супоридани хабарнома, даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба суд ҳозир нашудани ҷавобгар Алиев Рустам Холмуминович парвандаи оилавӣ бо назардошти фикри даъвогар Юсупова Дилрабо Нуралиевна бо тартиби мурофиаи ғоибона баррасӣ карда шавад.
Баррасии парванда то санаи 03 ноябри соли 2025 мавқуф гузошта шавад.
Судяи суди
ноҳияи Рӯдакӣ имзо Иброҳимзода Б.А.
Суди ноҳияи Рӯдакӣ 