ТЕРРОРИЗМ — ТАҲДИДИ ГЛОБАЛӢ
Шароити имрӯза моро водор месозад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи ҳаёту мамот қабул намоем. Суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкиду дастурҳое мебошанд, ки иҷрои онҳо қарзи ҳар як фарди равшанфикри Тоҷикистон ва нишонаи нангу номус ва ифтихори ватандорист.
Афзоиши хатари экстремизм ва терроризм дар ҷаҳони муосир ба масъалаи доғи рӯз табдил ёфта, субот ва амнияти кишварҳоро зери хатар қарор медиҳад. Экстремизми динӣ ва дигар зуҳуроти нангин на танҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои инсонро поймол мекунанд, балки бо хушунат ва зӯроварӣ одамони бегуноҳро қурбон ва мероси фарҳангиро нобуд месозанд.
Фикру ақидаҳое, ки бо қонун ва қоидаҳои ҷамъиятӣ созгор нестанд ва бар зидди онҳо равона шудаанд, экстремизм ном доранд.
Он метавонад аз рӯйи мазмун динӣ ё дунявӣ ва аз рӯйи фазо маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бошад.
Яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳонишавӣ, масъалаи нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ аст. Бо мақсади заиф созии иқтидори давлатҳои миллӣ ва таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон, қувваҳои манфиатҷӯ бо истифода аз роҳу воситаҳои гуногун, аз ҷумла таблиғоти гурӯҳҳои террористӣ, талош меварзанд то ҷавононро ба доми худ кашанд.
Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ боиси иваз шудани ҷаҳонбинӣ ва дур шудан аз арзишҳои миллӣ мегардад. Онҳо дар зери таъсири идеологияи тундгароёна мафҳумҳои муқаддас, чун Ватан, модар, сулҳ, осоиштагӣ ва ватандӯстиро фаромӯш мекунанд ва оқибат умри ҷавони худро барбод медиҳанд. Паёмадҳои ин амали нангин — ноумедӣ, ғаму андӯҳи наздикон, ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҳатто марг аст.
Таҳдиди дигаре, ки имрӯз нигаронкунанда аст, ин ҳуҷум ба фарҳанги миллӣ тавассути забони бегона, либосҳои бегона ва маводи таблиғотии хориҷӣ мебошад. Ҳадафи чунин равандҳо заиф сохтани решаҳои фарҳанги миллӣ ва аз байн бурдани таърих, тамаддун ва давлати миллӣ аст.
Дар чунин шароити мураккаб вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳ, ватандӯст ва хештаншинос ин аст, ки барои ҳифзи амният, тақвияти сиёсатҳои давлатӣ, мубориза бо экстремизм ва терроризм, дурӣ аз бегонапарастӣ ва пешгирии нашъамандӣ саъю талош варзад.
Мо бояд бо истифода аз ақл ва нерӯи худ садди роҳи ниятҳои ғаразноки гурӯҳҳои ифротгаро гашта, фарҳангу арзишҳои миллиро ҳифз кунем, таърихи кишварро омӯзем, ба дастовардҳои Истиқлол арҷ гузорем ва Ватану миллати худро сидқан дӯст дорем.
Амирҷон ВОСЕЗОДА,
Сардори шуъбаи умумии суди ноҳияи Рӯдакӣ
Суди ноҳияи Рӯдакӣ 