КОНСТИТУТСИЯ ТАЪМИНГАРИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ШАҲРВАНДОН

Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳими таърихӣ дорад. Инкишофи пешрафти ҷомеа, бахусус давлатҳои рушдёбанда талаб менамояд, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ муносибату ҳамкориҳои мутақобилаи онҳо таҳким ёбанд, идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа босуръат пеш рафта, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор гардад. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат мекунад. Вазъи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳолатҳои дигар дар давлати алоҳида зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия ба вуҷуд меорад, ки сабаби асосии он мутобиқ намудани меъёрҳои ин санад ба шароити зиндагии ҷомеа мебошад.

Дар таърихи навини мардуми мо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин санаи муборак ҳар сол бо рӯҳбаландии хосса таҷлил мегардад.

6-уми ноябри соли 1904 мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқи қонуни асосии давлат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.

Сиву як соли амали Конститугсия собит cохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.

Гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи моро, ки бо майлу иродаи мардуми кишвар дар Конститутсия дарҷ гардидааст, нишон медиҳад.

Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате раъй дод ва онро ҳамчун ояндаи худ инихоб кард, ки дар ин давлат волояти қонун ҳукумрон буда. ҳама аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегиранд.

Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву хуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард.

Конститутсия, ки метавон онро шиносномам давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодин инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашаи ягонан ҳокимият давлатӣ эътироф намуд.

Дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, судӣ ва иҷроия таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали мустақими онҳо кафолат дода шуд, дар асосм он парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфт, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқи ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият эълон гардид.

Бо вуҷуди он, ки Конститутсия дар давраи ниҳоят душвори таърихӣ қабул гардид, аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони ҷаҳон дар қатори беҳтарин конститутсияҳо шинохта шуд.

Қобили зикр аст, ки тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бевосита бавосита бо қабули Конститутсия вобастагӣ доранд.

Зеро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рущди бомароми иқтисодиёт, дигаргуниҳои бунёдӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва соҳаву бахшҳои дигар аз кафолатҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд.

Дар баробари ин, дар банди 2, моддаи 10-уми Конститутсия муқаррар гардидааст, ки «Давлат ва ҳамаи мақомоти он шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд». Боби сеюми Конститутсия ба мақомоти олии ҳокимияти намояндагӣ ва қонунгузори кишвар — Маҷлиси Олӣ бахшида шудааст, ки ба уҳдаи он ба амал баровардани салоҳияти яке аз рукнҳои ҳокимият — қонунгузорӣ гузошта шудааст.

Бинобар ин, бори нахуст дар Конститутсияи амалкунанда Шӯрои Олӣ номи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт. Дар баробари ин аввалин маротиба дар таҷрибаи давлатдории кишварамон соҳиби парламенти дупалатагӣ гардид, ки натиҷаи тағйиру иловаҳои 26 сентябри соли 1999 мебошад. Маҷлиси Олии ҶТ аз ду маҷлис — Маҷлиси милляӣ ва маҷлиси намояндагон иборат аст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва халқи ҷаҳон дар мавриди бунёди давлатӣ демократӣ, дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст.

Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмиин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад. Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун — эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад.

Бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, озоду демократӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо бояд тамоми кушиши худро ба он равона созем, ки Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафта мубаддал сохта, ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос гузорем.

Муминзода Исмоил Маҳмадулло,

Муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ