ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи судии суди ноҳияи Рӯдакӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи кормандони мақомоти судӣ” бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид. Сараввал иҷрокунандаи вазифаи Раиси суди ноҳия Нурулозода Ш.С. ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро ба иди касбӣ табрику муборак гуфта, ба ҳамаи онҳо муваффақияту бурдборӣ орзу намуда, қайд карданд, ки ҳокимияти судӣ яке аз шохаҳои муҳими давлатӣ буда, фаъолияти он ба таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат равона гардидааст. Бо иҷрои ин рисолати муҳиму муқаддас мақомоти судӣ барои пешрафти ҷомеа ва густариши равандҳои демократӣ ва устувории истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим мебозад. Сипас, муовини Раиси суд Муминзода И.М. дар бораи таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳокимияти судӣ ва нақши муҳими ҳокимияти судӣ дар пешрафти ҷомеа суханронӣ намуданд. Судя Турсунзода Ш. баромада намуда, қайд карданд, ки маҳз бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21 январи соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид гардида, минбаъд 26 октябри ҳар сол расман “Рӯзи кормандони мақомоти судӣ” таҷлил мешавад, ки ин мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд мебошад. Судя Иброҳимзода Б.А. дар бораи такмили бомароми низоми судии мамлакат пас аз солҳои ба даст овардани Истиқлолият, қабул шудани Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва моҳияти он, судя Содиқзода С. дар бораи нақши мақомоти судӣ дар ба амал баровардани адолатӣ иҷтимоӣ суханронӣ карда, ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро бо иди касбиашон табрик намуданд.
Суди ноҳияи Рӯдакӣ 
