ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳияи Рӯдакӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид. Сараввал иҷрокунандаи вазифаи Раиси суди ноҳия Нурулозода Ш.С. ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба онҳо зиндагии осуда ва дар фаъолияти кориашон муваффақияту бурдбориҳо орзу намуданд. Зимни сухани табрикоти қайд карданд, ки дар ибтидои солҳои 90-и асри ХХ Тоҷикистони азиз ба даргириҳои шадид кашида шуда буд, ки дар натиҷа ҷомеаро ҳисси ноумедӣ, нобоварӣ ба фардо, ғорату дуздӣ, хунрезӣ, гуруснагӣ фаро гирифт ва як қисми мардуми мо ночор ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуда, гуреза шуданд. Дар чунин вазъияти ҳассос шахсият ва роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми нерӯи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона созад, ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад ва Худованд чунин шахсро ба миллати тоҷик ато фармуд. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон 33 сол пеш дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ савганд ёд намуд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меорад, то охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонад ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунад. Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созанда бо гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ба ивази гарави ҷони худ ваҳдату сулҳро дар кишвар барқарор намояд. Сипас, муовини Раиси суд Муминзода И.М. дар баромади худ қайд карданд, ки дар ҳақиқат маҳсули заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва Душанбе ба пойтахти чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Судя Иброҳимзода Б.А. дар баромади худ қайд намуд, ки дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш муттаҳид ва ба қалби мардумаш шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Судя Турсунзода Ш. дар баромади худ иброз доштанд, ки халқи шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо эҳсоси ифтихор ва сипосгузорӣ ҷашн мегиранд. Ин санаи муборак – рамзи ваҳдат, субот ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. Судя Раҳмонзода А.У. зимни баромади худ қайд карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати мустақилона ва сулҳҷӯёнааш дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазоворро соҳиб гаштааст. Барномаҳои бузурги созандагӣ, татбиқи нақшаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин ташаббусҳои ҷаҳонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар муаррифӣ намудаанд. Минбаъд котиби маҷлиси судӣ Гулов С.Б. дар баромади худ қайд карданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ, таҳти роҳбарии оқилонаи Президенти кишвар, Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Бо татбиқи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, сулҳу оромӣ барқарор шуд, ваҳдати миллӣ таҳким ёфт, пояҳои давлатдорӣ устувор гардиданд ва мардуми кишвар ба сӯи зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшон қадам гузоштанд. Котиби суд Ваҳобов Ш.Ш. зимни баромади худ иброз дошт, ки имрӯз Тоҷикистон зери роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат ҳамчун давлати соҳибистиқлол, рушдёбанда ва устувор дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ободиву пешрафти шаҳру деҳот, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва саноат – ин ҳама натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад.

Суди ноҳияи Рӯдакӣ 