МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳияи Рӯдакӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид. Сараввал иҷрокунандаи вазифаи Раиси суди ноҳия Нурулозода Ш.С. ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба онҳо саломатии қавӣ, бахту саодат, зиндагии осуда, дар фаъолияти кориашон муваффақияту бурдбориҳо орзу намуданд. Зимни сухани табрикотӣ қайд карданд, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал дар сатҳи Конститутсия ҳокимияти судӣ ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Ҳамзамон бо ин, маҳз Конститутсияи мамлакат риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат додааст. Сипас, муовини Раиси суд Муминзода И.М. дар баромади худ қайд карданд, ки Коститутсияи кишвар ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ба бунёди давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ замима гузошта, яке аз арзишмандтарин ҳуҷҷат дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Судя Акрамзода М.Ю. дар баромади худ қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз конститутсияҳои беҳтарини дунё маҳсуб ёфта, мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ буданаш Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 давлати ҷаҳон пазируфтаанд. Имрӯз, Тоҷикистон бо зиёда аз 100 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, аъзои беш аз 50 созмони бунуфузи байналмилалӣ мебошад. Судя Турсунзода Ш. дар баромади худ иброз доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амал баровардани ислоҳоти судӣ асоси воқеӣ гузошт. Маҳз дар Конститутсия як боби алоҳида, яъне боби ҳаштум ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, дар моддаи 84 Конститутсия омадааст, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Судя Зиёзода Ҳ.А. дар бораи нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон баромад карда, қайд карданд, ки Конститутсияи кишвар беҳамто буда, он ҳамчун санади олии сиёсию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз таҳассумгари ғояҳо ва арзишҳои миллии мо мебошад. Иброз доштанд, ки ин санад барои эҳёи таъриху маданияти миллати тоҷик нақши муҳим гузошт. Руҳияи идонаю ифтихори миллӣ, сарҷамъии мардум дар фазои осоиштаи Ватан аз санади сарнавиштсоз будани Конститутсия шаҳодат медиҳад.

Суди ноҳияи Рӯдакӣ 