ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи миллӣ, худшиносӣ ва сарҷамъию пирӯзӣ ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонии ватандӯст маҳсуб ёфта, ҳувияти миллиро дар худ таҷассум мекунад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар айёми барои халқи Тоҷикистон тақдирсоз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши бебаҳои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва таҷасумгари гузашта ва ояндаи дурахшони аҳолии кишвар ба ҳисоб меравад.
Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлоли миллӣ буда, дар он тасвири рангҳои:
— сурх — рамзи мубориза, фидокории халқ барои озодӣ ва истиқлолият;
— сафед — рамзи бахту саодат, орзую умед;
— сабз — рамзи шукуфоӣ, сарбаландӣ ва абадият мебошад.
Дар Парчам инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора нишонаи решаҳои амиқи таърихи давлатдории давлати комилан тозабунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли тоҷикон аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз Дирафши Ковиён ҳамчун яке аз рамзу нишонаи давлатдорӣ ва соҳибтамаддунии тоҷикон, ки дар таърихи гузашта борҳо давлатҳои бузурги худро доштанд, дар Ливои Президенти кишвар ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллиамон тасвир ёфтааст.
Тибқи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, дар ҷойҳои зайл ба таври доимӣ афрохта мешавад: дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки милли Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва биноҳои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзиш, ҳуҷраҳои корӣ ва ғайраҳо.
Ҳамзамон, дар асоси моддаи 134 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар болои бинои Суд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар толору ҳуҷраҳои кории судяҳо Парчам ва тавсири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд. Дар раванди гуфтаҳои боло бо ифтихор метавон қайд намуд, ки имрӯз Парчами давлатӣ ба ғайр аз ҷойҳое, ки қонун афрохтани онро муайян намудааст, чун рамзи давлатдории навини тозаистиқлоли давлати тоҷикон дар хонаҳои истиқоматӣ низ афрохта мешаванд, ки ин аз дорои фарҳанг, маданияти воло ва ҳисси миллии ватандӯстии халқи тамадунофари тоҷикон гувоҳӣ медиҳад. Тибқи муқаррароти моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст», ки ҳар кадоми онҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва ҳисси миллӣ нақши муҳиму сазовор доранд.
Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 аҳолии кишвар ҳамасола 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ ҷашн мегиранд.
Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ, бахшида ба ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ иброз доштанд, ки “Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ин нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд бо гузашти қариб се даҳсола ин рамзи миллӣ ба мазҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва махсусан, навросону ҷавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта, дар замири хар фарди миллат ҳисси эҳтиром ба истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад”.
Мо ба Парчами давлатиамон, ки ба далериву шуҷоатмандӣ, муттаҳидиву ягонагиву вафодорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад ва руҳи озодихоҳӣ мебахшад, арҷ мегузорем. Дар ин рӯзгори босаодат ҳамаи моро зарур аст, ки зери Парчами парафшони Ватан боз ҳам муттаҳидтар бошем, ҳар ваҷаб хоки поку муқаддаси Ватани азизу маҳбубамонро ҳифз намоем, дар ободонии он саҳм бигирем ва парчамбардорони миллатамон бошем.
Шаҳло ТУРСУНЗОДА,
Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ
Суди ноҳияи Рӯдакӣ 