МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ»
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳияи Рӯдакӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид. Сараввал иҷрокунандаи вазифаи Раиси суди ноҳия Нурулозода Ш.С. ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар фаъолияти кориашон муваффақияту бурдбориҳо орзу намуданд. Зимни сухани табрикотӣ қайд карданд, ки Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад. Сипас, муовини Раиси суд Муминзода И.М. дар баромади худ қайд карданд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, забони давлатӣ, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад. Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои буднёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Судя Шоҳусайнзода Х. дар баромади худ қайд карданд, ки Парчам барои ҳар як давлат рамзи муқаддасу ягонагии миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин нишона на танҳо як порча матоъ аст, балки дар худ таърих, фарҳанг, ҷасорати гузаштагон ва ормонҳои наслҳои ояндаро таҷассум мекунад. Ҳар давлат парчамро ҳамчун аломати соҳибистиқлолӣ, иттиҳод ва мақоми сиёсӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф менамояд. Ёрдамчии Раиси суд Азиззода Қ.Ш. зимни баромади худ дар бораи вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчам суханронӣ карда, қайд карданд, ки Парчами миллӣ – рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр мебошад.
Дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои фаъолияти пурсамар ва софдилона намудан як чанд нафар кормандони дастгоҳи суд бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Суди ноҳияи Рӯдакӣ 