Таҷлили ҷашни бостонии Сада
Санаи 29 январи соли 2026 дар Литсей давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷашни бостонии Сада бо иштироки васеи намояндагони мақомоти давлатӣ таҷлил гардид. Дар чорабинӣ дар қатори дигар намояндаҳои мақомоти давлатӣ муовини раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ Муминзода И. ва судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Содиқзода С. низ иштирок намуда, доир ба таърих ва моҳияти ҷашни Сада маърӯза намуда, аҳамияти онро дар тарбияи худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои ниёгон таъкид карданд. Дар доираи чорабинӣ намоиши дарахтони мевадиҳанда, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, маҳсули меҳнату эҷоди хонандагон ба маърази тамошо гузошта шуд. Чорабинӣ дар фазои идона баргузор гардида, ба таҳкими арзишҳои миллӣ мусоидат намуд.

Суди ноҳияи Рӯдакӣ 