ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ БО УСУЛИ «МАКТАБ БА МАКТАБ»: ПАЁМИ ПЕШВО-РОҲНАМОИ МИЛЛАТ
Имрӯз дар идомаи шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Суди ноҳияи Рӯдакӣ бо волидайн ва ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №111-и деҳаи Бурёбоф ва №168-и деҳаи Навободи Ҷамоати Сарикиштии ноҳия вохӯриву мулоқот анҷом доданд.
Зимни ин мулоқот, ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳомидзода Насимҷон Ҳомид, муовини раиси ноҳия Исмоилзода Зарина Исмоил, судяҳои Суди ноҳия Шаҳло Турсунзода ва Сайёд Содиқзода, инчунин муовини сардори Раёсати маорифи ноҳия Баҳриддин Қодирзода ва масъулини дигар сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ширкат доштанд, нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди шарҳу тавзеҳи муфассал қарор дода шуд.
Дар ҷараёни кори нишасти мазкур аз ҷумла, таъкид гардид, ки Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосан барои беҳсозии шароити зисти сокинони мамлакат, рушди соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина рушди дигар соҳоти хоҷагии халқ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи нақшаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ нигаронида шуда, чун ҳуҷҷати роҳнамо дар таъмини зиндагии шоистаи мардум нақши бағоят муҳим ва созанда хоҳад гузошт…
Ҳозирини мулоқот, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо карда буданд, дар ҷараёни кори мулоқот ба саволҳои худ ҷавобҳои дақиқ гирифтанд ва Паёми Пешворо роҳнамои миллати тоҷик ба сӯи ояндаи дурахшон маънидод намуда, иҷрои ҳатмиву саривақтии дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ баён гардида буданд, вазифаи аввалиндараҷаи худ арзёбӣ карданд.

Суди ноҳияи Рӯдакӣ 