САҲИФАИ ҶОНОИ МИЛЛАТ

        Таърих башорат медиҳад, ки аз ҳар як марҳалаи ҳаёти ҷамъиять ва ҳар як таҳаввулоти замон бардоште эҳсос намудан, роҳи минбаъдаи созандагиро ба худ интихоб кардан ин озмоиш, имтиҳон ва санҷиши бузурге аст. Дар ин росто суханони мутафаккире ёдрас мешаванд – Ҳаёт, кору пайкор ва азму суботи одамони бузург мазмун ва муҳтавои таърихро ба вуҷуд меоварад, фароҳам месозад.
Дар равзанаи беш аз сиву чаҳор соли соҳибистиқлолӣ таърихи навини Тоҷикистон — ин Ватани маҳбубу азизамон, бо давлатӣ комилҳуқуқи миллӣ бо идеологияи ваҳдати миллӣ ва ҷанбаи устувори сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дошта, ба таърихи ҷаҳонӣ ворид шуда, саҳифаҳои хонои онро мазмуни болиғ бахшидааст.
Таассуроти ғание аз муҳтавои Паёми Президенти маҳбубамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бардоштаву эҳсос карда мешавад, ки бардошти бунёдӣ ва асосӣ ин аст, ки дар қиёси комил бо Паёмҳои пешин фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти кишвар дар ин санади ояндасозу раҳнамо тарҳрезӣ гардидаву матраҳ шудааст.
Ҳамчунин, бар илова чанде аз иқдом, ибтикор ва дастурҳои нав доир ба таъмини ояндаи неки миллат, давлат, идеяҳои ҷолибу фарогири ҳадафҳои миллӣ ва пурарзиши ҳарчӣ бештар таҳким бахшидани сармояи зеҳнии инсонӣ, дар маҷмуъ фароҳам овардани зиндагии шоистаи ҳар сокини Тоҷикистон дар Паём тафсилот ва мулоҳизаҳои саодатбаре матраҳ шудаанд ва хушбахтона марҳалае, ки имрӯз мо дар он қарор дорем, марҳалаи рӯ ба тараққӣ ва пешрафт мебошад, дурнамову сурурбор муаррифӣ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълони соли 2027 Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ мебошад, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад.
Яке аз масъалаҳои дигари басо муҳими Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи ҳифзи суботу амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Воқеан, дар шароити босуръат тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ин масъала аҳамияти бештар касб кардааст.
Амали намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Шоҳусайнзода Хуршед Ёрмаҳмад
Манбаъ – маҷаллаи “Тоҷикони ҷаҳон”