ИҚТИДОРИ БАРҚИРО САРФАҶӮӢ БОЯД КАРД!
Афзоиши талабот аз ҷониби аҳолӣ ва коргоҳҳои бисёре, ки таи солҳои охир бунёд ёфта, ба фаъолият оғоз намудаанд нисбати қувваи барқ тақозо менамояд, ки истифодаи босамари он роҳандозӣ гардад.
Бинобар сари ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххасро мавриди татбиқ қарор додаанд. Яке аз чунин тадбирандешӣ вориди тағйиру иловаҳои нав аз 15 апрели соли 2025 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки он дар самти пардохти маблағи истифодаи барқ, истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ва сарфакорона истифодабарии он мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромади худ таъкид доштанд, ки «Мо бояд ба маданияти истифода ва сарфакоронаи нерӯи барқу об диққати ҷиддӣ диҳем. Онро на танҳо дар зимистон, балки дар тобистон низ сарфакорона истифода бурдан зарур аст». Дар робита бо ин гуфтаҳо шаҳрвандонро лозим аст, ки сарфакориро омӯзанд, аз меъёри муқарраргашта барзиёд барқро кор нафармоянд, сари муҳлат ҳаққи онро пардохт намоянд. Вобаста бар ин ба маврид аст зикр намоям, ки дар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки тартиби истифодаи қувваи барқро вайрон мекунанд, аз пардохти маблағи масрафшуда сарфи назар менамоянд ва ё ки ғайриқонунӣ онро истифода доранд ҷарима аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, ё ин ки аз муҳлати 3 то ба 10 сол ҳабс муқаррар гардидааст.
Яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ин таъмини истиқлолияти энергетикӣ буда, дар ин раванд корҳои бузург ба сомон расида истодаанд. Чунончӣ сохтмони нерӯгоҳҳои барқиву обӣ ба мисли «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Роғун», ки инҳо боиси афзудани иқтидори энергетикии кишварамон хоҳанд шуд.
Аммо то сарфаи истифодаи нерӯи барқ амалӣ наёбад дар замони пешрафти илму технология дастрасӣ ба қувваи барқ мушкилотҳоро пешорӯ меорад. Аз ин рӯ, мебояд ҳар як шаҳрванд ва муассисаву ташкилотҳо талаботҳои қонунро нисбати ин масъала риоя намуда, дар пешгирии талафоти барқ ҳисса гузоранд. Сарфакорӣ дар ҳама соҳа имкон медиҳад, ки мо сатҳи зиндагиро беҳтар созем ва бо ҳамин ба ободонии кишвар ҷаҳду иқдом намоем.
Нурулозода Шаъмигул Сайвалӣ, муовини якуми раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ.
Манбаъ — маҷаллаи оммавӣ-фарҳангии “Моҳтоб”
Суди ноҳияи Рӯдакӣ 