СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО ОИД БА ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК» ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №5 НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва татбиқи самараноки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки намояндагони мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ вохӯрии судии сайёр ва суҳбату мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Зиёзода Ҳокимбек Азизбек ва Иброҳимзода Баҳодур Ашурхол, судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ, Оймаҳмадов Сафарбек Рамазонович котиби маҷлиси судӣ, Ҳакимзода Ҳусейн Нуралӣ, сардори шуъбачаи огоҳонӣ, пешгирӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ, майори милитсия, Маликзода Абубакр Икром, нозири калони шуъбачаи огоҳонӣ, пешгирӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳим вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак, масъулияти падару модар дар таъмини таҳсилоти ҳатмӣ, назорати рафтору кирдори фарзандон, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон, инчунин роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» яке аз санадҳои муҳими ҳуқуқӣ буда, вазифа ва уҳдадориҳои падару модар, омӯзгорон ва ҷомеаро дар самти тарбияи дурусти фарзандон мушаххас менамояд. Таъкид шуд, ки беэътиноӣ нисбат ба таълиму тарбия метавонад боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардад.
Судяҳо зимни баррасии мисолҳои мушаххас аз таҷрибаи судӣ зарурати ҳамкории зичи муассисаи таълимӣ бо волидайн ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таъкид намуда, аз аҳли ҷамоатчигӣ даъват ба амал оварданд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас бетараф набошанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои волидайн ва омӯзгорон посухҳои мушаххас дода шуд. Чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон мусоидат намуда, дар таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва тарбияи насли солиму ватандӯст нақши муҳим мебозанд.