Шанбегӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Имрӯз бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Рӯдакӣ шанбегӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни шанбегӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ширкат варзида, гирду атрофи бинои судро тозаю озода намуданд.

Қобили қайд аст, ки андешидани чунин тадбирҳо ба ободии бинои маъмурӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва муҳити зист тақвият мебахшад.

Зеро баргузор намудани шанбегӣ ба истиқболи ин санаи таърихӣ боз як қадами муҳим дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва рушди устувори Тоҷикистон ба шумор меравад.